НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

%d1%8b%d1%8b%d1%8b

Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ  26 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Шавкат Бобозода оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ибрози ақида намуданд. Сипас  аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо оиди омода намудани мутахассисони сатҳи баланди соҳавӣ, таъмини сару либоси мактабӣ, коркарди пахта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарди металли №1 воридоти технологияҳои нав ва сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ пешниҳод гардиданд, ки  ба саволҳо аз ҷониби Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас дода шуд.