СОЛИ 2018 – СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

%d0%9b%d0%9e%d0%93%d0%9e-%d1%81%d0%b0%d0%b9%d1%91%d1%85%d0%b8

СОЛИ 2018 – СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Анъанаҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, ки ҳанӯз дар давраҳои қадим ташаккул ёфтаанд, ба ҳаёти иҷтимоӣ, расму оинҳои мардумӣ, тафаккури бадеӣ ва эҷодиёти халқ бевосита алоқаманд мебошанд. Ин анъанаҳои қадима имрӯз низ дар ҷомеаи муосир аҳамияти худро гум накардаанд. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз қабили адрасбофӣ, атласбофӣ, абрбандӣ, абрешимбофӣ, алочабофӣ, беқасаббофӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, гилембофӣ, зардӯзӣ, кафшдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, шерозбофӣ, сабадбофӣ, сӯзанидӯзӣ, чармгарӣ, ҷомадӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва дигарҳо ба таъмини моддии рӯзгори мардуми кишвар, зиёд гардидани маҳсули дасти ҳунармандон ва муаррифии имкониятҳои фарҳанги ниёгон ба сайёҳон мусоидат менамояд.
Иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии соҳибкорони соҳа, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ барои занону бонувони хонанишин ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ баёнгари таваҷҷуҳи хосе ба соҳаи мазкур мебошад. Дар ин замина, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.
Тайи солҳои охир раванди омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бо маром рушд ёфта, ҷиҳати таҳкими фаъолият дар самти ҳарчи бештар ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани занону духтарони хонанишин, таҳия ва амалисозии барномаҳои таълимоти касбӣ, арзёбии сифати хизматрасониҳои таълимоти касбӣ чораҳо андешида шудаанд.

%d0%a1%d0%9e%d0%9b%d0%98-%d0%a1%d0%90%d0%99%d0%81%d0%a5%d0%98

Ҷиҳати иҷрои муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани занону духтарони хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълимӣ–истеҳсолӣ ташкил гардида, дар онҳо зиёда аз 17 ҳазор нафар занону духтарон ҷалб гардидаанд.
Ин иқдом имкон дод, ки дар корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ соҳибкасбон ба кор ҷалб карда шаванд. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли матои атласу адрас тамоюли афзуншавӣ дошта, талабот ба ин намуди маҳсулот зиёд аст. Вобаста ба ин, як чанд корхонаҳо дастгоҳҳои адрасбофиро васл намуда, ба истеҳсоли матои адрас машѓул мебошанд. Айни замон, дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» дар умум 56 адад дастгоҳи матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он истеҳсоли атласу адрас, васеъ ба роҳ монда шудааст. Соли 2017 дар ҷумҳурӣ бо назардошти маълумотҳои тадқиқотӣ 56,5 ҳазор метри мураббаъ матои адрас ва 12,6 ҳазор метри мураббаъ матои атлас истеҳсол карда шудааст.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, бо мақсади таъмини иҷрои амалии вазифаҳои гузошташуда бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” чораҷӯӣ карда мешаванд.