Маълумоти мухтасар  оид ба истихроҷ, фурӯш ва захираи ангишт дар семоҳаи якуми соли 2018

Дар давраи ҳисоботи аз 12 корхонаи соҳа, ки дар 9 конҳои ҷумҳурӣ иҷозатномаи ҳуқуқи истихроҷи ангишт доранд бо назардошти мавсимӣ будани фаъолияти аксарияти корхонаҳо  танҳо 5 корхона фаъолият намуда, дар маҷмӯъ 185378 тонна ангишт ба маблағи 27,6 млн  сомонӣ истихроҷ намудаанд, ки нисбати  ҳамин давраи соли сипаригардида  23,9 ҳазор  тонна  ё 114,8 % зиёд  мебошад.

doob_ugl

Фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои мазкур тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси лоиҳаҳои коркарди кон ва нақшаи рушди корҳои кӯҳии солонаи аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, вобаста ба ҳар соли тақвимӣ мувофиқа кардашуда ба роҳ монда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ саҳми корхонаҳои  КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”-84 ҳазор тонна (ё 45,3% ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида) ва  Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик”- 55,3 ҳазор тонна (ё 30%) назаррас мебошад.

Мувофиқи маълумоти корхонаҳо дар давраи ҳисоботӣ 14 адад техникаҳои карерӣ ва таҷҳизотҳои зеризамимнӣ ба маблағи 14,1 млн сомонӣ ворид карда шуд. Ин имкон дод 68 адад ҷойҳои нави доимӣ ташкил карда шавад.

Пайваста  афзоиш ёфтани талаботи соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо ангишт зарурати ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва махсусан бо назардошти  шароити кӯҳӣ техникии тарзи ҷойгиршавии қабатҳои ангиштдори аксарияти конҳои ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани тарзи зеризаминии истихроҷро  тақозо менамояд.

1

Ҷиҳати ба танзим даровардан ва бо риояи талаботҳои қоидаю меъёрҳои соҳавӣ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои соҳа,  Лоиҳаи  коркарди тарзи кушод бо иқтидори 800 ҳазор тонна ва бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт  бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар майдони Шарқии кони ангишти “Фон-Яғноб”-и  корхонаи КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, дар Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” дар майдони Марказии кони номбурда  бо иқтидори аз 318 ҳазор тонна ва афзоиш додани он то 1 млн тонна бо тарзи зеризаминӣ  таҳия ва аз ҷониби мақомотҳои дахлдор мувофиқа карда шуд, мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Айни замон иқтидори лоиҳавии  корхонаҳои соҳа  зиёда аз 3,4 млн. тоннаро ташкил дода, имконияти иқтидори истеҳсолии онҳо бошад барои истихроҷи зиёда аз 2 млн тонна ангишт мусоидат менамояд.