Фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ – апрели соли 2018

cc4

Бо таваҷҷуҳи хоси доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноати сабуки кишвар, дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, соҳаи мазкур соҳаи афзалиятнок эътироф гардидааст.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар моҳҳои январ – апрели соли 2018 ба маблағи беш аз 597 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 250 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 172 % – ро ташкил  медиҳад.

Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ 15928 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 11460 тонна зиёд мебошад, корхонаҳои ресандагӣ 5819 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – апрели соли 2017 437 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 108 % – ро ташкил дод ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 1534 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 156 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби корхонаҳои соҳа ва коргоҳу марказҳо 69,3 ҳазор м2 матои атласу адрас истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 59,9 ҳазор м2 зиёд буда, суръати афзоиш 7,4 маротибаро ташкил дод.

16

  Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар давраи ҳисоботӣ 90,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 28,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 146,7 % таъмин гардидааст.

Корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблағи 12,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – апрели соли 2017 1,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар корхонаҳои қолинбофӣ 976 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол шудааст, ки 91 ҳазор метри мураббаъ назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзун шудааст.

Корхонаҳои ҷуроббофӣ дар маҷмуъ наздики 2 млн. ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ин давраи соли 2017 709 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад.

Коркарди пӯсти чорво ба 165 ҳазор адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 5,8 ҳазор адад зиёд буда, суръати афзоиш 103,7 % таъмин гардид. Корхонаҳои пойафзолбарорӣ 173 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 142 % – ро ташкил дод ва ё 51 ҳазор ҷуфт зиёд аст.

Содироти маҳсулоти тайёри истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ – апрели 2018 наздики 180 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш дар қиёс ба соли 2017 122 % таъмин шуд.

Истеҳсоли маҳсулоти зерин, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ)  ҷӯроб, қолин ва мебел дар корхонаҳои соҳа ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.