Мулоқот бо Вазири саноати Ҷумҳурии Белорус ва боздид аз корхонаи ҶСП “Ҷунтай Данғара син силу текстил”-и ноҳияи Данғара 16.05.2018

1212

      Дар заминаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ифтитоҳ гардид.

        Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Бобозода ва Вазири саноати Ҷумҳурии Белорус Вовк Виталий Михайлович, сардорони раёсатҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ,  сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, маъданҳои сохтмон, ангишт  ва  роҳбарони ширкатҳои ОАО“Белаз”, ОАО “Минский электротехнический завод,” ОАО “Могилевлифтмаш”,  ОАО “Автокомпаненты”, ОАО “Гомсельмаш” баргузор гардид.

       Дар вохурӣ масъалаи ҳамкориҳо  дар соҳаҳои мошинсозӣ саноати мудофиа ва химия,  сабук, хӯрокворӣ,  масолеҳи сохтмон ва як қатор масъалаҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

%d0%91%d0%b5%d0%b7-%d0%b8%d0%bc%d0%b5%d0%bd%d0%b8-3

Боздид аз корхонаи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил”-ноҳияи Данғара

      Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири саноати Ҷумҳурии Белорус аз корхонаи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил”-ноҳияи Данғара  боздид ба амал оварданд. Дар раванди боздид аз рафти истеҳсоли маҳсулоти корхонаи мазкур, сифати маҳсулот, технологияи муосир ва рушди соҳаи саноати сабук  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби меҳмон баҳои баланд дода шуд.

 %d0%91%d0%b5%d0%b7-%d0%b8%d0%bc%d0%b5%d0%bd%d0%b8-5 cc4