Маълумоти таҳлилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли 2018

654

“Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад”.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли 2018  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар 4 моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 6 млрд. 469 млн.сомонӣ маҳсулот саноатӣ истеҳсол намуданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1 млрд. 47,7 млн. сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 113,4% таъмин карда шуд.

Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар           4 моҳи соли 2018:

1

Намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (C, D, E) дар маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2018:

  Истеҳсоли маҳсулот

(млн.сомонӣ)

Суръати афзоиш

(фоиз)

Фарқият

(+;-)

Ҳисса  бо %
2018 2017
Ҷумҳурӣ 6 469,0 5 421,3 113,4% 1 047,7 100,0%
D.коркард 3 458,3 2 912,6 116,4% 545,7 53,5%
E.нерӯи барқ 1 564,8 1 328,9 102,4% 235,8 24,2%
C.истихроҷ 1 445,9 1 179,8 118,6% 266,1 22,3%

Таркиби намудои фаъолияти иқтисоди (C, D, E) дар маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-апрели  соли 2018:

2

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард дар чор моҳи соли 2017  2 млрд 912,6 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар чор моҳи соли 2018 3 млрд 458,3 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 545,7 млн.сомонӣ (116,4%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

Дар саноати истихроҷ дар чор моҳи соли 2017 1 млрд. 179,8 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар чор моҳи соли 2018  1 млрд 445,9 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 266,1 млн.сомонӣ (118,6%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар чор моҳи соли 2018:

*Саноати коркард (53,5%), саноати истихроҷ (22,3%) ва соҳаи электроэнергетика (24,2%).

Дар ин давра афзоиши ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ба монанди риштаи пахтагии, гипсокартон, ранг, равғани чорво, картошкаи бирён, гаҷ, ширеши сохтмонӣ, қоғази ташноб, сӯзивории дизелӣ, қолин ва маҳсулоти қолинӣ, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқи бачгона, мебел, молҳои чармии хромӣ, қубурҳои металӣ, орд, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошӣ, семент, хишт, ангишт, пойафзол, трансформатор, маҳсулоти дӯзандагӣ, маҳсулоти кабелӣ,  нӯшокиҳои беспиртӣ, обҳои маъданӣ, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, биринҷ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти макаронӣ, равғани растанӣ, консерваҳо, меваи хушк, либоси мактабӣ, тахтасангҳои мармарӣ, коркарди пӯст, маҳсулоти кашбофӣ, газворҳои пахтагин, молҳои чарми хромӣ ва маҳсулотҳои дигар дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 суръати афзоишро таъмин намуданд.

Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст.

Дар чор моҳи соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридот ба монанди халта, ротбанд, фториди алюминий, кислотаи сулфат, криолит, каогулянт, хишти сабук истеҳсол карда шудааст.

Дар чор моҳи соли 2018 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 122,7 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ  равона гардиданд. Аз ҷумла:

– дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 3 корхона ба маблағи 48,9 млн.сомонӣ;

– дар соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия 1 корхона бо маблағи 17,3 млн. сомонӣ;

– дар соҳаи саноати ангишт 3 корхона бо маблағи 14,1 млн. сомонӣ;

– дар соҳаи саноати сабук ва пилла 1 корхона бо маблағи 30,0 млн. сомонӣ;

-дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 6 корхона бо маблағи 12,4 млн. сомонӣ техника ва технологияҳои нав ворид гардидааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар семоҳаи якуми соли 2018 дар ҷумҳурӣ 26 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 217 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Вазорат дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои судманд меандешад.