Маълумот доир ба ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар 4 моҳи соли 2018

loja-de-materiais-de-construcao

 

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди содиротии кишвар кор бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истоданд.

Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

Дар 4 моҳи соли 2018 ба маблағи 689,7 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 187,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 137,3 %-ро ташкил медиҳад. Шумораи коргоҳу корхонаҳо ба 486 адад, ҷойҳои корӣ 9595 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1230 сомонӣ баробар шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли семент ба 1140,0 ҳазор тонна, масолеҳи деворӣ 28,1 миллион дона, гаҷкартон 785,9 ҳазор дона, қуму шағал 287,0 ҳазор метри мукааб, шифер 92,3  ҳазор дона расидааст. Дар умум истеҳсоли намудҳои масолеҳи сохтмонӣ дар шакли аслӣ иҷро гардид.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 33,4 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,6 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22,5 %, “Сементи Тоҷик” 7,3 % назаррас мебошад.

Дар ин давра 456,0 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 233,0 ҳазор тонна, Афғонистон 195,0 ҳазор тонна ва Ќирғизистон 28,0 ҳазор тонна содир гардидааст. Дар содироти семент ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” 31,2 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 19,9 %, “Чунгтсай Моҳир семент” 44,1 %, “Тоҷ Чайна 2013”  шаҳри Ваҳдат 2,0 % саҳмгузорӣ намудааст. Воридоти семент бошад, ҳамагӣ 3,0 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Истеҳсоли гаҷкартон ҳамчун маҳсулоти ивази воридот ба 785,0 ҳазор дона баробар шудааст, ки назар ба 4 моҳи  соли гузашта 493,0 ҳазор дона зиёд аст. Аз ин миқдор аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон  138,0 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 909,8 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  содир карда шудааст.

Ҳамчунин ҶДММ “Силкоат боя”-и шаҳри Хуҷанд 22,3 ҳазор тонна масолеҳи рангубор ба Ҷумҳурии Қирғизистон содир кардааст.