Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Узбекистон Шоисматов Эргаш Раҳматуллоевич. Шаҳри Душанбе, 29.05.2018 

   Санаи 29 майи соли 2018 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шавкат Бобозода бо Сафири Ҷумҳурии Узбекистон  Шоисматов Эргаш Рахматуллоевич, сардорони раёсатҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, масолеҳи сохтмон ва роҳбарони ширкатҳои АО “Узагротехсаноатхолдинг”, АО “Узагротехмаш”, ООО “Тенолог-метализ” – и   Ҷумҳурии  Узбекистон баргузор гардид.

      Дар вохӯрии мазкур ҳамкориҳо дар соҳаи саноати мошинсозӣ, техникаҳои кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  Қайд гардид, ки ҳамкориҳои тарафайн метавонад барои рушди соҳаи саноати  мошинсозӣ саҳми назаррас гузошта бошад.