Мулоқот бо Мушовир оид ба тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Австрия Михаэл Мюллер 30.05.2018

     Санаи 30 майи соли 2018 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Мушовир оид ба тиҷорати Сафорати Ҷумҳурии Австрия Михаэл Мюллер, сардорони раёсатҳои соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, КВД “Саноати гӯшту шир” ва  ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид.

         Дар вохӯрии мазкур оид ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, маъдан, гӯшту шир мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қайд гардид, ки ҳамкориҳо дар ин самт метавонад хусусан  барои рушди соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва саноати гӯшту шир дар кишвар нақши арзанда гузошта бошад.