Баргузории ҷаласа оид ба “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” шаҳри Душанбе 06.06.2018

        Санаи 6 июни соли 2018 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодуллозода Арастулло бо ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи Марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар вохӯрии мазкур оид ба ҳамкориҳо, мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ музокираҳо баррасӣ гардид.

         Қайд гардид, ки дар қатори дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти муқовимат ба коррупсия қабулгардида, бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 таҳти №968 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми умумимиллии машваратӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия матраҳ гардид.

         Зикр гарадид, ки ин нукта дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 низ таъкид шуда буд, ки – “Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.”

          Бояд тазаккур дод, ки дар ин самт бо фармоиши Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 29.09.2017 №70 Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравӣ дар бораи татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019” таҳия гардида, тибқи нақшаи мазкур аз ҷониби бахши ҳуқуқи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар корхона ва муассисаҳои зертобеи Вазорат корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида шуда истодааст.