Таҷлили иди касбии кормандони соҳаи саноати сабук дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

%d0%a1%d0%90%d0%91%d0%a3%d0%9a

    Рӯзи  8 июни соли 2018 дар саҳни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки корхонаҳои соҳа, аз ҷумла ҶДММ “КД Наргис”, ҶДММ “Даҳбед-Д”, ҶДММ “Зебо-75”, ҶСК “Гулистони Душанбе”, ҶДММ “Ёқут-2000”, ҶДММ “Сифат саноат”, ҶДММ “Олимхони Хуҷандӣ”, ҶДММ “Кооператор”, ҶДММ “Маркази ҳунаромӯзӣ”, ҶДММ МТИ “Шероз”, ҶДММ “Шоҳ-25”, ҶДММ “Чарм”,   ҶДММ “Ваҳдат”, ҶСК “Нафиса”, ҶСК “Суман”, ҶДММ “Атласи Хуҷанд”, паркҳои технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат намоишгоҳ ташкил карда шуд. Дар намоишоҳи мазкур маҳсулотҳо аз қабили либосҳои мактабӣ, халатҳои тиббӣ, махсуси корӣ, бачагона, чарму пойафзол, ҷуробҳо, қолинҳои дастбоф, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ (адрасу атлас, чакан, гулдӯзӣ, зардӯзӣ) пешкаш карда шуд. Ҳамчунин, дар толори маҷлисгоҳи вазорат ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуда, як қатор кормандони корхонаҳои соҳа бо ифтихорномаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

      Мавриди қайд аст, ки саноати сабук  бо назардошти дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, вобастагӣ надоштан ба воридоти ашёи хоми истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар ва қобилияту имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ соҳаи аҳамиятнок ба ҳисоб меравад. Бо мақсади фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди саноати сабук дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои ниёзи мардум, афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулот, таъмини шуѓли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои  мустақим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ ба амал бароварда шудаанд. Баҳри дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди соҳаҳои коркарди нахи пахта, пӯст, пилла, дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар имтиёзҳои андозию гумрукӣ фароҳам оварда шудааст.