Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе. 09.06.2018

4646

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохтмони як қатор майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ин тадбир дар оммавӣ гардонидани варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, махсусан наврасону ҷавонон саҳми беандоза дорад.

Иншооти варзишию фароғатӣ, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд, дар назди бинои истиқоматии рақами 84/1 – и кӯчаи Неъмат Қарабоев ҷойгир мебошад. Иншооти мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз майдончаи варзишӣ ва нишастгоҳҳои фароғативу ҷой барои бозиҳои гуногуни кӯдакона иборат мебошад. Масоҳати умумии иншооти мазкур 1722 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, нишастгоҳҳо ва низоми равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳамчунин, дар назди майдончаи варзишӣ, макони бозии кӯдакон бунёд гардидааст, ки дар он барои бозиву вақтхушии кӯдакону наврасон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин дар қисмати дигари майдонча барои сокинон мавзеи истироҳату фароғат бунёд ёфтааст. Истиқоматкунандагон ин иншооти мазкурро аз ҷониби шаҳрдорӣ ҳамчун ҳадяи беҳтарин маънидод карданд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – юми феврали соли 2017, №9-ф тасдиқ шудааст, сохтмони майдончаи варзишии мазкур ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида буд, ки он дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шуд.

Маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави

 Ҷумҳурии Тоҷикистон