Озмуни “Беҳтарин маҳсулоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

21212

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмун таҳти унвони “Беҳтарин маҳсулоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон менамояд.

Дар озмун   корхонаҳои саноатӣ, ҳунармандони касбӣ, соҳибкорони истеҳсолӣ бо  пешниҳоди маҳсулотҳо метавонанд ширкат варзанд.

Барои иштироккунандагон ҷойҳои 1, 2 ва 3 бо номинатсияҳои “Беҳтарин маҳсулоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” муайян гардидааст. Озмуни мазкур дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ-22 муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос:  2214673;  2214340 

121212