Истихроҷи ангишт ба зиёда аз 500 ҳазор тонна расонида шуд!

20170925204629

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 18 июни соли равон дар ҷумҳурӣ  503,7 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 53,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ин дастовард саҳми корхонаи КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб” назаррас буда, 54,8 фоизи ҳаҷми ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида ба корхонаи мазкур рост меояд.

Айни замон, дар анборҳои корхонаҳои соҳа бо дар назардошти бақияи соли сипаригардида  226,7 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад.

Муштариён метавонанд, аз нуқтаҳои фурӯш ва анбори корхонаҳои ватанӣ ангиштро харидорӣ намоянд.