Маълумот доир ба ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар 5 моҳи соли 2018

1486129494_cm1

          Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди содиротии кишвар кор бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истоданд.

       Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

            Дар 5 моҳи соли 2018 ба маблағи 898,6 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 182,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 125,5 %-ро ташкил медиҳад. Шумораи коргоҳу корхонаҳо ба 486 адад, ҷойҳои корӣ 9595 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1230 сомонӣ баробар шудааст.

м1

        Ҳаҷми истеҳсоли семент ба 1,5 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 50,4 миллион дона, гаҷкартон 1,0 милион дона, қуму шағал 392,3 ҳазор метри мукааб, шифер 132,4  ҳазор дона расидааст. Дар умум истеҳсоли намудҳои масолеҳи сохтмонӣ дар шакли аслӣ иҷро гардид.

     Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 33,4 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,6 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22,5 %, “Сементи Тоҷик” 7,3 % назаррас мебошад.

м2

Дар ин давра 566,0 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 294,8 ҳазор тонна, Афғонистон 234,5 ҳазор тонна ва Қирғизистон 36,8 ҳазор тонна содир гардидааст. Дар содироти семент ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” 31,2 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 19,9 %, “Чунгтсай Моҳир семент” 44,1 %, “Тоҷ Чайна 2013”  шаҳри Ваҳдат 2,0 % саҳмгузорӣ намудааст. Воридоти семент бошад, 15,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Истеҳсоли гаҷкартон ҳамчун маҳсулоти ивази воридот ба 1004,8 ҳазор дона баробар шудааст, ки назар ба 5 моҳи  соли гузашта 493,0 ҳазор дона зиёд аст. Аз ин миқдор аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон  141,4 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 986,9 ҳазор сомонӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  содир карда шудааст.

Ҳамчунин ҶДММ “Силкоат боя”-и шаҳри Хуҷанд 64,8 ҳазор тонна масолеҳи рангубор ба Ҷумҳурии Қирғизистон фурӯхтааст.

м3

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли маҳсулоти ивази воридот ва ба содирот нигаронидашуда аз қабили гаҷкартон ва хишти сабук ба роҳ монда шуд.

Соли 2018 бунёди корхонаи истеҳсоли рангҳои эмулсионӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иқтидори 15,0 ҳазор тонна, истеҳсоли тол дар ноҳияи Дустӣ бо иқтидори 900,0 ҳазор метри мукааб бо таъсиси 145 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ гардидааст.

   м4