Фаъолияти сарабахши корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ – майи соли 2018

news3261265

Бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноати сабуки кишвар мунтазам рушд ёфта, дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда самтҳои афзалиятнок эътироф гардидаанд.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар моҳҳои январ – майи соли 2018 ба маблағи беш аз 690 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 253 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 158 % – ро ташкил  медиҳад.

Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ наздики 16 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 11,5 ҳазор тонна зиёд мебошад ва корхонаҳои ресандагӣ бошад 7,2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – майи соли 2017 43 тонна афзоиш ёфтааст. Дар коргоҳҳои бофандагӣ беш аз 2,1 млн. метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 416 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 110 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 32 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 140 % таъмин гардидааст.

Корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблағи 15,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – майи соли 2017 2,3 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар корхонаҳои қолинбофӣ беш аз 1,2 млн. метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол шудааст, ки 150 ҳазор метри мураббаъ назар ба ҳамин давраи соли гузашта афзун шудааст.

Корхонаҳои ҷӯроббофӣ дар маҷмуъ зиёда аз 2,5 млн. ҷуфт ҷӯроб истеҳсол кардаанд (нисбат ба ин давраи соли 2017 798 ҳазор ҷуфт зиёд мебошад). Дар кишвар ҶДММ «Ваҳдат», ҶСК «Нафиса» ва Фабрикаи ҷӯроббофии «Наврӯз» ба истеҳсоли ҷӯробҳои мардона, занона ва бачагона машѓул мебошанд.

Коркарди пӯсти чорво ба 215 ҳазор адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 8,6 ҳазор адад зиёд буда, суръати афзоиш 104,2 % таъмин гардид. Корхонаҳои пойафзолбарорӣ 254 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 132 % – ро ташкил дод ва ё 62 ҳазор ҷуфт зиёд аст.

Содироти маҳсулоти тайёри истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ – майи соли 2018 наздики 237 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш дар қиёс ба соли 2017 122 % таъмин шуд.

Истеҳсоли маҳсулоти зерин, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ) ҷӯроб, қолин ва мебел дар корхонаҳои соҳа ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.


Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар моҳҳои январ – майи соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017

с1


Ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар моҳҳои январ – майи соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017

с2


Ҳаҷми истеҳсоли мебел дар моҳҳои январ – майи соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017

с3


Ҳаҷми истеҳсоли ҷуробу пайпоқ дар моҳҳои январ – майи соли 2018 дар муқоиса бо соли 2017

с4