Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ. Шаҳри Душанбе, 26.06.2018

Без имени-3

Санаи 26 июни соли 2018 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовинони Вазир ва таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорат сурат гирифт.

Дар рафти маҷлиси тантанавӣ муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, қайд карданд ки барои мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи  таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.

Сипас, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ташкилоти ибтидоии “Оли Сомон”-и ҲХДТ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзизода Акрам Ҳамроқул дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ асоси рушди саноат” маърӯза карда, ба ҳозирин мафҳум ва моҳияти Ваҳдати миллиро шарҳ доданд. Баъдан мудири кафедраи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Исомиддин Шарипов суханронӣ намуда, аз насли ҷавон даъват ба амал оварданд, ки Ваҳдати