ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МОШИНСОЗӢ САНОАТИ МУДОФИА ВА ХИМИЯ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2018

6

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия  дар маҷмуъ ба маблаѓи 1103,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 557,3 млн. сомонӣ зиёд аст. Суръатафзоии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра 202,1 % таъмин гардид.

КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бошад, дар шаш моҳи   соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 581,9 млн. сомонӣ расонид, ки  назар ба нишондоди  соли 2017–ум, 14,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ширкат дар ин давра суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро 102,5 % таъмин намуд.

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат дар шаш моҳи  соли 2018 ба 46661,0 тонна баробар гардид, ки назар ба шаш моҳи соли 2017–ум  2873,0 тонна кам мебошад. Суръатафзоӣ дар ин давра 94,1 %-ро ташкил медиҳад.

Бино ба  маълумоти корхона дар моҳи июни соли 2018  иловатан   7 адад электролизёрҳо  ба кор дароварда шуданд.

          Бояд қайд намуд, ки  санаи 4 апрели соли 2018  интиқоли газии табии аз  Ҷумҳурии Ўзбекистон ба ширкат ворид  гардида,   ширкат дар як шабонарўз  дар ҳаҷми 23 метри кубӣ гази табии гирифта истодааст. Ширкат гази табииро аз ҷумҳурии ҳамсоя бо  нархи 115,0 доллари ИМА барои 1000 м.кубӣ харидорӣ намуда истодааст.

      Ба санаи 9 июли соли 2018  нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 2098,5 доллари ИМА баробар  шудааст, ки назар ба моҳи  гузашта нархи алюминий 189,0 доллари ИМА коҳиш ёфтааст.

         Масъулони КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иброз намуданд, ки тибқи нақша дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои чинӣ то охири соли 2018-ум 300 адад ваннаҳои электролизӣ таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор хоҳад диҳанд ва доир ба масъала корбарӣ шуда истодааст.

          Дар ширкат 6769 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд, ки музди меҳнати миёнаи  онҳо 1227,4 сомониро ташкил медиҳад.

 Корхонаҳои коркард аз захираву имконотҳо истифода намуда, дар моҳи июни соли ҷорӣ 670,0 тонна алюминияро коркард намуданд. Дар  шаш моҳи соли 2018 корхонаҳо ҳамагӣ 3670,0 тонна алюминиро коркард намуданд, ки ҳаҷми коркард баробар ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Суръати афзоиши коркард 100 % таъмин карда шуд.

МОШИН 3

Тибқи маълумотҳои дастрасгардида  дар  давоми 6 моҳи   соли 2018 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  маҳсулотҳоро ба монанди: алюминияи аввалия, профилҳои алюминӣ, арматура ва сими металлиро ба маблаѓи 878,8 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017 қариб  123,2  млн. сомонӣ зиёд мебошад.

 Инчунин  дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз тарафи ҶСП «Норд Азия металл» корхонаи истеҳсоли қубурҳои профилии металли даврашакл ва чоркуҷашакл бо иқтидори 60 ҳаз. тонна маҳсулот дар як сол бо истифода аз хати технологии муосир оѓоз гардид, ки дар натиҷа барои 60 нафар ҷойи кории нав таъсис ёфт. Ҳангоми пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намудан 120 ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Бояд қайд намуд, ки маҳсулоти корхонаи мазкур дар бозор талаботи зиёд дорад.

Корхона аз тарафи соҳибкорони таҳҷоӣ ва хитоӣ сохта шуда, маблағи умумии ҷалбгардида дар маҷмуъ зиёда аз 5 млн. доллари  ИМА-ро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати кормандони корхона ҳоло ба ҳисоби миёна ба 2500 сомонӣ баробар мебошад.

Корхонаи мазкур дар арафаи ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сентябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба фаъолияти истеҳсолӣ шуруъ намуд.

 Дар шаш моҳи соли 2018 бошад, корхона ба маблағи 82,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти корхона 198,3 % таъмин карда шуд.  Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 12814,5 тонна баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4189,5 тонна зиёд аст.

 Намудҳои маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда аз рӯи ғафсии металл ва андозаашон то ба 85 мерасанд, ки 40 намуди он профилҳои даврашакл  буда, 45 намуди дигараш профилҳои чоркунҷашакл мебошад.

          Нархи фурӯши 1 тонна маҳсулоти тайёри корхона ба ҳисоби миёна 750 доллари ИМА баробар мебошад. Ҳангоми фурўш дар бозори дохилӣ корхона аз ҳаҷми фурўш боз 18% ААИ ва дигар андозҳои ҳатмиро пардохт менамояд.

          Ба ҳамин корхона монанд дар шаҳри Ҳисор дар моҳи сентябри соли 2017   корхонаи нави истеҳсоли қубурҳои профилии металлии даврашакл ва чоркуҷашакл бо номи ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар  заминаи он 30 ҷойи кории нав таъсис ёфт. Музди маоши миёнаи коргарон 1200 сомониро ташкил медиҳад. Ашёи хом яъне, варақаи металлиро корхона аз Федератсияи Россия харидорӣ ва ворид менамояд.

         Хатҳои технологӣ ба маблағи 5,8 млн. сомонӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид ва васлу насб карда шудаанд.

         Корхонаи навтаъсис дар моҳи июни соли 2018  ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ қубурҳо ва профилҳои металлии даврашакл ва чоркуҷашаклро истеҳсол намудааст.

 Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона ба 15,9 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Ҳаҷми молии истеҳсоли маҳсулот дар ин давра ба 3259,0 тоннаро ташкил додааст. Иқтидори солонаи корхона 2500 тонна мебошад.

   МОШИН 5