Натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати ангишт дар нимсолаи якуми соли 2018

%d1%87%d1%81

Дар соли 2018 бо сабаби тамдид нагардидани муҳлати амали иҷозатнома аз 15 корхонаҳои дар соҳаи ангишт фаъолиятдошта танҳо 12 адад нақшабандӣ карда шуда, дар нимсолаи якуми соли равон ба истиснои ҶДММ “Вуромун”  11 корхона фаъолият намуда дар маҷмуъ 604180 тонна ангишт ба маблаѓи 93,8 млн  сомонӣ истихроҷ намудаанд, ки нисбати  ҳамин давраи соли гузашта 64 ҳазор  тонна  зиёд  мебошад. Саҳми  КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” назаррас буда,  52,2 фоизи ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида ба он рост меояд.

Фурӯши ангишт  дар  ин  давра 622463  тонна аз ҷумла, ба  Маркази барқу  гармидиҳӣ  –290606 тн, корхонаҳои саноатӣ- 247349 тонна, аҳолӣ- 63905,7 тн., муассисаҳои буҷетӣ 1250 тн. ва содирот 19,3 ҳазор тоннаро ташкил дод. Нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида фурши ангишт 70 ҳазор тонна зиёд гардидааст.

Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ дар корхонаҳои соҳа ба 3,2 млн м3 расонда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 939,2 м3 зиёд (ё 145,4%) мебошад.

Ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи ангишт ва сари вақт таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо он, махсусан аз ҷониби ДИА-и ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” ва КФ “Шахтаи “Фон-Яғноб”  23 адад техникаҳои карерӣ ва таҷҳизотҳои шахтавӣ ба маблағи  24,2 млн  сомонӣ ворид карда шуд, ки ин шароит фароҳам овард 70 ҷойҳои нави корӣ  ташкил карда шавад.

а1

Корхонаҳои соҳаи саноати ангишт  новобаста аз мушкилиҳои молиявӣ ва техникӣ  ҷиҳати таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ махсусан барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 бо ангишт тамоми чораҳоро дида истодааст.