Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва пилла дар моҳҳои январ – июни соли 2018

news3261265

Соҳаи саноати сабук, қисми таркибии соҳаи саноати кишварро ташкил дода, саҳми он дар моҳҳои январ – июни соли 2018 дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 7,4 фоизро ташкил медиҳад.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2018 ба маблаѓи 772 млн. 385,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 236 млн. 799,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 144,2 % – ро ташкил  медиҳад.

Дар соҳаи саноати сабук зиёда аз 18 номгӯи асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.

 Дар ин давра:

– истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ 16365,9 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 10667,7 тонна зиёд мебошад;

– корхонаҳои ресандагӣ 8540,6 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2017 18,8 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 100,2 % – ро ташкил дод ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 2169,5 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 84,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «САТН», ҶСК «Ресандаи Қурѓонтеппа» ва ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» матоъҳои пахтагини рақобатпазир истеҳсол намуда, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолоти худӣ, ҳамзамон ба хориҷи кишвар матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ содирот менамоянд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани хатҳои нави технологӣ, дар ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» истеҳсоли матои омехта (пахтагин ва полиэфирӣ), ҳамчунин рангубори он ба роҳ монда шудааст.

cc4

           Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби корхонаю марказҳо 21,1 ҳазор м2 матои адрас истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 6,3 ҳазор м2 афзоиш ёфтааст.

           – ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 10 ҳазор м2 матои атлас истеҳсол намудааст, ки 4,1 ҳазор м2 нисбати соли гузашта зиёд;

– истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар давраи ҳисоботӣ 132,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 33,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 133,9 % таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳа 321397 адад либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати моҳҳои январ – июни соли 2017 201626 адад зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар назди ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Даҳбед-Д», ҶСК «Ресандаи Қурѓонтеппа», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» ба таври доимӣ нуқтаи намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардидааст.

Дар ин давра:

 – корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблаѓи 18,1 млн. сомонӣ  (нисбат ба моҳҳои январ – июни соли 2017 3,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 123,9%) маҳсулот истеҳсол намудаанд;

– корхонаҳои қолинбофӣ 1426,9 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол намудаанд, ки 358,6 ҳазор метри мураббаъ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда зиёд аст;

– корхонаҳои ҷуроббофӣ (ҶДММ «Ваҳдат», ҶСК «Нафиса» ва Фабрикаи ҷуроббофии «Наврӯз») дар маҷмуъ 3 млн. 70 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардаанд (нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 493,9  ҳазор ҷуфт зиёд);

корхонаҳои пойафзолбарорӣ 333 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 131,6 % – ро ташкил дод ва ё 80 ҳазор ҷуфт зиёд аст;

– коркарди пӯсти чорво 248336 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 3242 адад зиёд буда, суръати афзоиш 101,3 % – ро дар бар гирифт.

Бунёди навбати дуюми истеҳсолоти ресандагӣ дар ҶСП «Ҷунтай-Данѓара Син Силу Текстил» оѓоз гардида, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад ва роҳандозӣ шудани силсилаҳои пурраи корхонаи болозикр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз риштаву матоъҳои пахтагин то маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофӣ ва ҷӯроб зиёд гардида, раванди истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият хоҳад ёфт.

Дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулотҳои дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ)  ҷӯробҳо, қолинҳо, мебел ва халта муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Инчунин, барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар нимсолаи якуми соли равон ба маблаѓи 163,6 млн. сомонӣ дастгоҳу таҷҳизот ворид  карда шудааст.

Санаи 28.06.2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” коргоҳи риштабарорӣ барои истеҳсоли қолин ба фаъолият шурӯъ намуд. Баробари фаъол гардидани коргоҳи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи корхона ба роҳ монда шуд, ки ин дастовардҳои арзанда дониста мешавад. Дар ин коргоҳ асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти нав дар соҳа ба ҳисоб меравад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 2,7 млн. тонна риштаро ташкил медиҳад.