Маълумоти таҳлилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2018

Без имени-1

Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад”.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2018  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар 6 моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 10 млрд. 413,9 млн.сомонӣ маҳсулот саноатӣ истеҳсол намуданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1 млрд. 861,6 млн. сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 116,9% таъмин карда шуд.

Ҳиссаи соҳаҳо  дар  таркиби  ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатӣ  дар  6  моҳи  соли  2018:

и1

Намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (C, D, E) дар маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи соли 2018:

Истеҳсоли маҳсулот

(млн.сомонӣ)

Суръати афзоиш

(фоиз)

Фарқият

(+;-)

Ҳисса  бо %
2018 2017
Ҷумҳурӣ 10 413,9 8 552,4 116,9% 1 861,6 100,0
D.коркард 5 890,5 4 726,6 122,2% 1 163,9 56,5%
E.нерӯи барқ 2 265,5 1 893,3 104,0% 372,1 21,8%
C.истихроҷ 2 257,9 1 932,5 119,7% 325,5 21,7%

 

 Таркиби намудои фаъолияти иқтисоди (C, D, E) дар маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи соли 2018:

и2

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард дар 6 моҳи соли 2017  4 млрд 726,6 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар 6 моҳи соли 2018 5 млрд 890,5 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 1 млрд. 163,9 млн.сомонӣ (122,2%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

Дар саноати истихроҷ дар 6 моҳи соли 2017 1 млрд. 932,5 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар 6 моҳи соли 2018  2 млрд 257,9 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 325,5 млн.сомонӣ (119,7%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

Дар ин давра афзоиши ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ба монанди халта 6,9 баробар, шифер 6,9 баробар, ширеши сохтмонӣ 5,1 баробар, консерваи гӯштӣ 4,9 баробар, сачоқчаҳои намнок 3,4 баробар, нахи пахта 2,8 баробар, либоси мактабӣ (дона) 2,7 баробар, мазут 2,6 баробар, гипсокартон 2,5 баробар, профилҳои пластикӣ 2,4 баробар, хокаи мис 2,2 баробар, қуми кварсӣ 2,2 баробар, биринҷ 160,0%, семент 153,0%, қубурҳои металӣ 144,5%, қоғази ташноб 138,4%, матоъҳои нобофта 137,6%, тахтасангҳои мармарӣ 134,2%, маҳсулоти дӯзандагӣ 133,9%, қолин ва маҳсулоти қолинӣ 133,6%, пойафзол 131,6%, маҳсулоти кабелӣ 131,2%,  хишт 131,1%, равғани чорво 130,1%, трансформатор 128,9%, нон ва маҳсулоти нонӣ 124,7%, мебел 123,9%, гаҷ 122,3%, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқи 119,2%, сӯзивории дизелӣ 119,0, маҳсулоти кашбофӣ 118,7%, нӯшокиҳои беспирт 117,4%, маҳсулоти қаннодӣ 113,3%, ангишт 112,0%, орд 109,1%, равғани растанӣ 108,8%, меваи хушк 107,8%, намаки ошӣ 106,9%, консерваҳо 106,2%, газворҳои пахтагин 104,0% ва маҳсулотҳои дигар дар маҷмӯъ аз 7 баробар то 100% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоишро таъмин намуданд.

Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозорро бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст.

Дар 6 моҳи соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридот ба монанди халта 45,3 млн.дона, ротбанд 132,2 тонна, фториди алюминий 1691,3 тонна, криолит 232,3 тонна, каогулянт 873,4 тонна, хишти сабук 6,5 ҳ.м3, гаҷкардон 1217,5 ҳазор дона, маҳсулоти нарми бомпуши (тол) 10,0 ҳ.м2 ва бозичаҳои кӯдакона 64,3 ҳазор дона истеҳсол карда шудааст.

Дар 6 моҳи соли 2018 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 317,5 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ  равона гардиданд. Аз ҷумла:

– дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 3 корхона ба маблағи 48,9 млн.сомонӣ;

– дар соҳаи саноати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия 1 корхона бо маблағи 38,2 млн. сомонӣ;

– дар соҳаи саноати ангишт 3 корхона бо маблағи 24,2 млн. сомонӣ;

– дар соҳаи саноати сабук ва пилла 5 корхона бо маблағи 163,6 млн. сомонӣ;

-дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 8 корхона бо маблағи 42,6 млн. сомонӣ техника ва технологияҳои нав ворид гардидааст.

Вазорат дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои судманд меандешад.