Нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 01.08.2018

007

        Имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ  18 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, сардорони раёсатҳои соҳавӣ, роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии зерсохтори Вазорр иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 ибрози ақида намуданд.

                     Қайд гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 6 моҳи соли 2018 10 млрд 413,9 млн. сомонӣ, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, ба 116,9%, афзоиш дар 6 моҳи соли 2018 ба 1 млрд. 861,6 млн. сомонӣ баробар шуд.  Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 56,5%  ба саноати коркард, 21,7% ба саноати истихроҷ ва 21,8% ба соҳаи электроэнергетика рост меояд. Дар 6 моҳи соли 2018 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 317,5 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ  равона гардиданд.

                    Зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 60 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 559 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

          Сипас  аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо вобаста ба омода намудани мутахассисони сатҳи баланди соҳавӣ, омилҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, коркарди пахта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарди металли №1 воридоти технологияҳои нав ва сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ пешниҳод гардида , ба саволҳои пешниҳоднамудаи намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби Шавкат Бобозода –  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳои мушаххас шунида шуд.