БА КОРХОНАҲОИ СОҲАИ САНОАТИ АНГИШТИ ҶУМҲУРӢ

11

БАРҚИЯИ ТАБРИКОТӢ

              Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза ба фаъолияти кормандони соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ, фарорасии «Рӯзи касбии ангиштканон», ки якшанбеи охири моҳи август дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, ҳамаи кормандони корхонаҳои соҳаи саноати ангиштро бо ин рӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумоён  ҳамеша саодатмандиву хушрӯзӣ, осмони софу беғубори зиндагӣ ва муваффақиятҳои меҳнатӣ орзӯ менамояд.

              Бояд қайд кард, ки маҳз бо шарофати меҳнати софдилонаю хизматҳои шоёни кормандони соҳаи саноати ангишт, ба истифода додани маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ки аз соли 2013 то имрӯз бо истифода аз ангишт зиёда аз 2,7 млрд кВт/соат  қувваи барқ ва 1,7 млрд Г/кал  қувваи гармӣ истеҳсол намуданд, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ пурра бардошта шуд.

            Бо ибрози орзуҳои нек роҳбарияти Вазорат бори дигар кулли кормандони соҳаи саноати ангишти ҷумҳуриро ба ифтихори Рӯзи  иди касбӣ  самимона табрик гуфта, ба онҳо  саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамояд.

               Бигзор шӯълаи гарми ангишти истеҳсолкардаи Шумо ҳамеша фурӯзон, аз иқтидори он корхонаҳои саноатӣ фаъол ва манзили мардуми тоҷик  аз гармии он гарму ҳаловатбахш бошад.

%d1%84