Таҷлили ҷашини 27-умин солгари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон. (07.09.2018)

IMG_8329

Санаи 7-уми сентябр дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба 27- умин  солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур зиёда аз 20 корхона ва муассисаҳои зертобеъи Вазорат молу маҳсулоҳои истеҳсолнамудаи худро дар саҳни бино ба марази намоиш гузоштанд, ки хоҳишмандон метавонанд аз ин маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ боздид ва хариддорӣ намоянд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шавкат Бобозода аз намоиши молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ боздид ба амал оварда, ин рӯзи саидро ба тамодуми шарифи Тоҷикистони азизамон муборакбод намуда, қайд карданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 27-умин солгарди онро таҷлил менамоем, бузургтарин ва муҳимтарин воқеаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, муқаддастарин ҷашни миллию давлатии мо мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар,  саноат рушду нумӯъ ёфта, дар пешрафти он нақши тамоми мардуми тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало эҳсос мегардад.

Танҳо таи солҳои охир масъалаҳои эҳёи бахшҳои асосии иқтисодиёт яъне саноат, соҳибкории истеҳсолӣ хусусият ва суръати нав пайдо карданд.

Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ эҳё гардида, ҷойҳои корӣ барқарор шуданд. Дар ин муддат иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда корандозӣ гардида, корхонаҳои нави саноатӣ сохта шуда, ба фаъолият шурӯъ карданд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа шарафёб шавад. Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани худ, миллати худ, Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст.

Саҳмгузории ҳар як фарди кишвар барои таҳкими бештари истиқлолияту озодии давлату миллат, саҳм гузоштан дар фаъолиятҳои созандагӣ ба хотири зиндагии беҳтари имрӯзаву оянда, бо ақли солим ба воқеиятҳо баҳо додан, гарави ягонаи пешрафти мамлакат ва беҳбудиву некуаҳволии сокинон буда метавонад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён ва дар шахсияти Шумо тамоми кормандони соҳаи саноати кишварро бо 27- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон сидқан муборакбод намуда, ба ҳамагон рӯзгори тинҷу осуда, барору музаффариятҳоро таманно дорам.

Зикр гардид, ки тавассути амалисозии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми тоҷик зери парчами ваҳдату ягонагӣ мутаҳид гардида, баҳри мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, созандагӣ ва ободонии кишвар устуворона қадам мегузоранд.

 IMG_8252 IMG_8257 IMG_8260 IMG_8265 IMG_8268 IMG_8273 IMG_8280