Маълумоти таҳлилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2018

МОШИН 3

             Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2018, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-984 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 23 январи соли 2018 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки аз 27 марти соли 2018 №159 ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

            Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 8 моҳи соли 2018 13 млрд 711,9 млн.сомонӣ, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, ба 112,9%, афзоиш дар 8 моҳи соли 2018 ба 1 млрд. 976,8 млн.сомонӣ баробар шуд.

           Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 8 моҳи соли 2018:

         *Саноати маъдан (28,5%), электроэнергетика (22,1%), саноати хӯрокворӣ (20,3%), саноати масолеҳи сохтмон (11,4%),  саноати саноати мошинсозӣ (7,6%), саноати сабук (корхонаҳои пахтатозакунӣ) (7,2%), саноати ангишт (1,2%), саноати табъу нашр (1,0%)  ва саноати нафт ва газ (0,7%).

к5

         Аз рӯи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард дар 8 моҳи соли 2017  6 млрд 505,8 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар 8 моҳи соли 2018 7  млрд 617,6 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 1 млрд. 111,7 млн.сомонӣ (114,8%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

         Дар саноати истихроҷ дар 8 моҳи соли 2017 2 млрд. 797,6 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар 8 моҳи соли 2018  3 млрд 067,5 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 269,9 млн.сомонӣ (116,3%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

       Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 8 моҳи соли 2018:

       *Саноати коркард (55,5%), саноати истихроҷ (22,4%) ва соҳаи электроэнергетика (22,1%).

МОШИН 4

        Аз рӯи маълумоти оморӣ, ҳаҷми бақияи маҳсулот ба 1.01.2018 1 млрд. 150,5 млн сомонӣ ташкил дода, истеҳсоли маҳсулот дар 8 моҳи соли 2018 13 млрд 711,9 млн сомонӣ ташкил дод, ки 13 млрд 462,7 млн сомонӣ он (98,2%) ба фурӯш бароварда шудааст ва бақия ба 01.09.2018  1 млрд. 399,7 млн сомониро ташкил дод.

        Дар 8 моҳи соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридот ба монанди халта 69,5 млн.дона, ротбанд 177,2 тонна, фториди алюминий 3366,8 тонна, криолит 451,3 тонна, каогулянт 1219,6 тонна, хишти сабук 8,8 ҳ.м3, гаҷкардон 1568,2 ҳазор дона, маҳсулоти нарми бомпуши (тол) 10,0 ҳ.м2, бозичаҳои кӯдакона 92,1 ҳазор дона, риштаи полипропиленӣ 125,8 тонна ва мошинҳои кишоварзӣ (трактор) 69 адад истеҳсол карда шудааст.

МОШИН 5