Таъмини суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ – августи соли 2018

legkay_promishlennost

        Дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи саноати сабуки кишвар назаррас буда, тавассути таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав, воридоти технологияи муосир ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда соҳаи  мазкур сол аз сол рушд ёфта истодааст.

          Соҳаи саноати сабук, қисми таркибии соҳаи саноати кишварро ташкил дода, саҳми он дар моҳҳои январ – августи соли 2018 дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 7,2 фоизро ташкил медиҳад.

        Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар моҳҳои январ – августи соли 2018 ба маблағи 992 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 264 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 136,3 % – ро ташкил  медиҳад.

           Дар соҳаи саноати сабук зиёда аз 18 номгӯи асосии маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешавад.

         Дар ин давра:

– истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ 16617,8 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 9720,9 тонна зиёд мебошад;

– корхонаҳои ресандагӣ 12358,4 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – августи соли 2017 833 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 107,2 % – ро ташкил дод ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 2369,5 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 173,2 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «САТН», ҶСК «Ресандаи Қурғонтеппа» ва ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» матоъҳои пахтагини рақобатпазир истеҳсол намуда, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолоти худӣ, ҳамзамон ба хориҷи кишвар матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ содирот менамоянд. Дар натиҷаи ҷорӣ намудани хатҳои нави технологӣ, дар ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ» ва ҶДММ «САТН» истеҳсоли матои омехта (пахтагин ва полиэфирӣ), ҳамчунин рангубори он ба роҳ монда шудааст.

кайрокум 3

           Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби корхонаю марказҳо 26,1 ҳазор м2 матои адрас истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 0,2 ҳазор м2 афзоиш ёфтааст.

           – ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 17 ҳазор м2 матои атлас истеҳсол намудааст, ки 8,2 ҳазор м2 нисбати соли гузашта зиёд;

          – истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар давраи ҳисоботӣ 179,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 38,7 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 127,6 % таъмин гардидааст.

             Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳа 782684 адад либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати моҳҳои январ – августи соли 2017 273514  адад зиёд мебошад.

cc4

           Бояд зикр намуд, ки дар назди ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Даҳбед-Д», ҶСК «Ресандаи Қурғонтеппа», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» ба таври доимӣ нуқтаи намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардидааст.

Дар ин давра:

 – корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблағи 26,6 млн. сомонӣ  (нисбат ба моҳҳои январ – августи соли 2017 3,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,2 %) маҳсулот истеҳсол намудаанд;

– корхонаҳои қолинбофӣ 1946,6 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол намудаанд, ки 518,9 ҳазор метри мураббаъ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда зиёд аст;

– корхонаҳои ҷуроббофӣ (ҶДММ «Ваҳдат», ҶСК «Нафиса» ва Фабрикаи ҷуроббофии «Наврӯз») дар маҷмуъ 3 млн. 988,3 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардаанд (нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1104,1 ҳазор ҷуфт зиёд);

корхонаҳои пойафзолбарорӣ 515,4 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,9 % – ро ташкил дод ва ё 85,7 ҳазор ҷуфт зиёд аст;

– коркарди пӯсти чорво 320444 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 27761,7 адад зиёд буда, суръати афзоиш 109,5% – ро дар бар гирифт.

          Бунёди навбати дуюми истеҳсолоти ресандагӣ дар ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» оғоз гардида, айни ҳол ба таври таҷрибавӣ риштаи пахтагин истеҳсол намуда истодааст ва роҳандозӣ шудани силсилаҳои пурраи корхонаи болозикр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз риштаву матоъҳои пахтагин то маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофӣ ва ҷӯроб зиёд гардида, раванди истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият хоҳад ёфт.

2_588

        Дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулотҳои дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ)  ҷӯробҳо, қолинҳо, мебел ва халта муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

         Инчунин, барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар ҳашт моҳи соли равон ба маблағи 204 млн. сомонӣ дастгоҳу таҷҳизот ворид  карда шудааст.