Натиҷаҳои фаъолияти корхонаву муассисаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт дар моҳҳои январ-августи соли 2018

%d1%84

               Бо истифода аз имкоият ва иқтидори истеҳсоли истихроҷи ангишт дар ҳашт  моҳи соли 2018 ба 1 млн. 51,7 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбати  ҳамин давраи соли сипаригардида 56961 тонна зиёд мебошад.  Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт 53,4 % ба КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, 20 % ба  Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик”, 13,8 % ба ҶДММ “Талко- Ресурс”  ва  12,8 % ба дигар корхонаҳо рост меояд.к2%d1%84

                 Фаъолияти истеҳсолии ҳамаи корхонаҳои соҳа тибқи тартиби муқарраргар   дида дар асоси лоиҳаҳои коркарди кон ва нақшаи рушди корҳои кӯҳии солонаи аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, вобаста ба ҳар соли тақвимӣ мувофиқа кардашуда ба роҳ монда шудааст.

               Фурӯши ангишт дар ин давра 1083647,7 тоннаро ташкил дод, ки 47 фоизи он  ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 рост меояд.

          Ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ захираи ангишт дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи соли сипаригардида зиёда аз 215,7 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

               Содироти ангишт мувофиқи маълумоти фаврӣ 30521,1 тонна ба маблағи 683,8  ҳазор доллари амрикоиро (ё 6,4 млн. сомонӣ) ташкил дод,  ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 27983,1 тонна зиёд мебошад. Содирот махсусан аз ҷониби ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” ба миқдори 25052 тонна ба  Ҷумҳурии Покистон ва ҶДММ “Талко-Ресурс”  1184,8 тонна ангишт ба ширкати ИП ООО “BLUE BELL GLOBAL VENTURE”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.

             Баъд аз баргузории Намоишгоҳи молҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ҶДММ “Талко-Ресурс” бо ширкати ИП ООО “BLUE BELL GLOBAL VENTURE”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба содироти ангишт, Шартнома ба миқдори 37500 тонна ба маблағи 1 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонидааст.

            Корхонаҳои соҳаи саноати ангишт, дар ҳашт моҳи соли 2018 ҷиҳати зиёд намудани истихроҷи ангишт ва сари вақт таъмин намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо он, аз ҷониби корхонаҳои соҳа 26 адад техникаҳои карерӣ ва таҷҳизотҳои шахтавӣ ба маблаѓи 27,7 млн.  сомонӣ ворид карда шуд, ки ин шароит фароҳам овард  77 ҷойҳои нави корӣ доимӣ  ташкил карда шавад.

%d1%87%d1%81

        Вазорати саноат ва технологияҳои нав баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 бо ангишт тамоми чораҳоро андешида, рафти иҷроиши онро таҳти назорати доимӣ  қарор медиҳад.