Натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2018

Без имени-1

                   Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 моҳи соли 2018, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-984 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 23 январи соли 2018 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки аз 27 марти соли 2018 №159 ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

                   Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 10 моҳи соли 2018 19 млрд 161,5 млн.сомонӣ, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, ба 113,6%, афзоиш дар 10 моҳи соли 2018 ба 2 млрд. 720,8 млн.сомонӣ баробар шуд.

               Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 10 моҳи соли 2018: *Саноати маъдан (26,0%), электроэнергетика (23,2%), саноати хӯрокворӣ (19,9%), саноати масолеҳи сохтмон (10,8%),  саноати сабук (корхонаҳои пахтатозакунӣ) (10,3%), саноати мошинсозӣ (6,9%), саноати ангишт (1,3%), саноати табъу нашр (1,0%)  ва саноати нафт ва газ (0,6%).  Намудҳои фаъолияти иқтисодӣ (C, D, E) дар маҳсулоти саноатӣ дар 10 моҳи соли 2018:

Истеҳсоли маҳсулот (млн.сомонӣ) Суръати афзоиш
(фоиз)
Фарқият
(+;-)
Ҳисса  бо %
2018 2017
Ҷумҳурӣ 19 161,5 16 440,7 113,6 2 720,8 100,0
D.коркард 10 746,5 9 202,6 114,5 1 543,8 56,1
E.нерӯи барқ 4 447,8 3 573,9 109,8 873,8 23,2
C.истихроҷ 3 967,2 3 664,1 118,2 303,1 20,7

                  Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст.

             Дар 10 моҳи соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридот ба монанди халта 94,7 млн.дона, риштаи полипропиленӣ 444,2 тонна,  ротбанд 228,2 тонна, хишти сабук 12,2 ҳ.м3, гаҷкартон 2018,9 ҳазор дона, маҳсулоти нарми бомпуши (тол) 10,0 ҳ.м2, сурмаи металӣ 3225,1 тонна, металли нави №2 88,8 тонна, хокаи нуқра ва мис 177,0 тонна, фториди алюминий 3366,8 тонна, криолит 482,4 тонна, каогулянт 1441,6 тонна, бозичаҳои кӯдакона 133,7 ҳазор дона, мошинҳои кишоварзӣ (трактор) 81 адад, ядак (прицеп) 36 адад, фойтунчаҳои кӯдакона 5570 дона, аробачаҳои кӯдакона 4914 дона ва автобусҳо 119 адад истеҳсол карда шудааст.

              Тибқи маълумотҳои оморӣ дар 9 моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 105 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1487 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

       Вазорат дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои судманд меандешад.

          Дар 10 моҳи  соли 2018 рушди саноат дар ҳамаи  минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд 109,5%, вилояти Хатлон 112,2%, ВМКБ 107,3%,  шаҳри Душанбе 119,0% ва НТҶ 122,4%-ро ташкил дод.

news3261265 а1 МОШИН 4 хурок 3