Истихроҷи ангишт дар даҳ моҳи соли равон ба 1 млн. 551 ҳазор тонна расонида шуд.

ангишт

         Истихроҷи ангишт дар даҳ моҳи соли равон ба 1 млн. 551 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбати  ҳамин давраи соли сипаригардида 85  ҳазор тонна зиёд мебошад.  Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт 53,1 % ба КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, 19,3 % ба  Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Корхонаи металлургии Тоҷик”, 14,4 % ба ҶДММ “Талко- Ресурс”, 5,3 % ба КФ “Зиддӣ”, 3,2 % ба ҶСК “Ангишт” ва  4,7 % ба дигар корхонаҳо рост меояд.

          Фаъолияти истеҳсолии ҳамаи корхонаҳои соҳа тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси лоиҳаҳои коркарди кон ва нақшаи рушди корҳои кӯҳии солонаи аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, вобаста ба ҳар соли тақвимӣ мувофиқа кардашуда ба роҳ монда шудааст. Бо дарназардошти ба итмом расидани муҳлати амали Иҷозатнома дар ҶДММ “Сангғалт” ва ҶДММ “Вуромун”, истихроҷи ангишт аз ҷониби ширкатҳои мазкур манъ карда шудааст.

ангишт 2

               Мувофиқи ҳисоботҳо фурӯши  ангишт  дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти бақияи соли сипаригардида 1 млн. 581 ҳазор тонна, аз ҷумла ба Маркази барқу гармидиҳӣ-746,7 ҳазор тонна (ё 47,2 %), корхонаҳои саноатӣ – 642 ҳазор тонна (40,7 %), аҳолӣ- 98,5 ҳазор  тонна (6,2 %),  муассисаҳои буҷетӣ 54,6 ҳазор тонна (3,4 %) ва содирот 39,4 ҳазор тоннаро (2,5 %) ташкил дод. Харидории ангишт нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 211,7 ҳазор тонна зиёд гардидааст.

               Содироти ангишт мувофиқи маълумоти фаврӣ 39406 тонна ба маблағи 884,3  ҳазор доллари амрикоиро (ё 8,3 млн. сомонӣ) ташкил дод,  ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017  35878 тонна зиёд мебошад. Содирот махсусан аз ҷониби ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” ба миқдори 33088 тонна ба  Ҷумҳурии Покистон ва ҶДММ “Талко-Ресурс”  2033,8 тонна ангишт ба ширкати ИП ООО “BLUE BELL GLOBAL VENTURE”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст. Содирот ба ҳисоби пулӣ нисбати воридот 302,5 ҳазор доллари амрикои ё 2,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.