Фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ – октябри соли 2018

ac424e5b22a3553ada08b248b7788d41

 

Дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи саноати сабуки кишвар назаррас буда, тавассути таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав, воридоти технологияи муосир ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда соҳаи мазкур сол аз сол рушд ёфта истодааст.

Соҳаи саноати сабук, қисми таркибии соҳаи саноати кишварро ташкил дода, саҳми он дар моҳҳои январ – октябри соли 2018 дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 10,3 фоизро ташкил медиҳад.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар моҳҳои январ – октябри соли 2018 ба маблағи 1 млрд. 967 млн. 8,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 152 млн. 891,8 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 108,4 % – ро ташкил  медиҳад.

b2f2a5bca2ec0c83dde9331d39baf5b2

Дар ин давра:

– истеҳсоли нахи пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ 66357,9 тоннаро ташкил дод;

– корхонаҳои ресандагӣ 16578,6 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – октябри соли 2017 2565,4 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 118,3 % – ро ташкил дод ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 2960,7 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 405 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

           Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби корхонаю марказҳо 41,2 ҳазор м2 матои адрас истеҳсол гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст.

 – ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 18,8 ҳазор м2 матои атлас истеҳсол намудааст, ки 7,5 ҳазор м2 нисбати соли гузашта зиёд;

– истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар давраи ҳисоботӣ 221,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 38,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121,0 % таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳа 890249 адад либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати моҳҳои январ – октябри соли 2017 237870  адад зиёд мебошад.

– корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблағи беш аз 34,1 млн. сомонӣ  (нисбат ба моҳҳои январ – октябри соли 2017 4,1 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,7 %) маҳсулот истеҳсол намудаанд;

– корхонаҳои қолинбофӣ 2469,5 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол намудаанд, ки 324 ҳазор метри мураббаъ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда зиёд аст;

– корхонаҳои ҷуроббофӣ дар маҷмуъ 4 млн. 752 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардаанд (нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 3,6 млн. ҷуфт зиёд);

– коркарди пӯсти чорво 393200 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 13409,7 адад зиёд буда, суръати афзоиш 103,5% – ро дар бар гирифт;

корхонаҳои пойафзолбарорӣ 664,8 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,4 % – ро ташкил дод ва ё 15,3 ҳазор ҷуфт зиёд аст.    images

Фаъолияти расмии навбати дуюми истеҳсолоти ресандагӣ дар ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» санаи 5 ноябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, айни ҳол риштаи пахтагини пневморесандагӣ истеҳсол намуда истодааст. Ҳамчунин дар ин рӯз санги асос барои бунёди коргоҳи бофандагии корхонаи мазкур гузошта шуд ва роҳандозӣ гардидани силсилаҳои пурра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз риштаву матоъҳои пахтагин то маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофӣ ва ҷӯроб зиёд гардида, раванди истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият хоҳад ёфт.

006

Барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар даҳ моҳи соли равон ба маблағи 207,7 млн. сомонӣ аз хориҷи кишвар дастгоҳу таҷҳизот ворид карда шудааст.

Содироти маҳсулоти тайёри истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ – октябри 2018 беш аз 502,6 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2017 109,7 % таъмин гардид.

1414968172_tekstil-stanki

Санаи 28.06.2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” коргоҳи риштабарорӣ барои истеҳсоли қолин ба фаъолият шурӯъ намуд. Баробари фаъол гардидани коргоҳи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи корхона ба роҳ монда шуд, ки ин дастовардҳои арзанда дониста мешавад. Дар ин коргоҳ асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти нав дар соҳа ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин санаи 05.11.2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали ҶДММ “Фарм Текс” – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар корхонаи мазкур истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ 13 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад.  Маводҳои басту банди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ дар асоси коркарди саноатии пахта истеҳсол гардида, маҳсулоти нави соҳа ба ҳисоб меравад.