Маълумот оид ба истеҳсоли либоси мактабӣ дар моҳҳои январ – октябри 2018

6

          Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабии истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳо корҳо тақвият ёфта, тибқи таҳлилҳо муайян шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон, Ховалинг, Қубодиён, Н. Хусрав, Кушониён, Ш. Шоҳин, Айнӣ ва Деваштич, ки соли гузашта дар коргоҳҳои дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда нашуда буд, корҳо ҷоннок гардида, мутахассисонро дар ин самт ҷалб намудаанд.

IMG_8268

        Тазаккур бояд дод, ки фаъолияти як қатор корхонаҳои дӯзандагӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ба қайди омор гирифта шуд. Аз ҷумла, ҶДММ «Ахтари Вахш» – и н. Вахш, ҶДММ «Мавлуда» – и н. Қубодиён, ҶДММ «Зарҳам» – и ш. Кӯлоб, ҶДММ «Дӯзандагии Каёнуши Ёвон» – и н. Ёвон, КВД «Дӯзандагӣ ва коркарди мева» – и н. Ш. Шоҳин, ҶДММ «Бароти Шер» – и н. Муъминобод, ҶДММ «Фариза Ком» – и н. Б. Ғафуров, ҶДММ КД «Фаррух» – и ш. Хуҷанд, ҶДММ «Мақсад-16» – и ш. Хуҷанд, ҶДММ «Мақсуда» – и н. Н. Хусрав ва маълумотҳои тадқиқотии як қатор шаҳру ноҳияҳо. Минбаъд низ дар ин самт корҳо тақвият дода шуда, раванди истеҳсоли либоси мактабӣ ва таъмини хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо он мунтазам пайгирӣ карда мешавад.

32

        Давоми моҳҳои январ – октябри соли 2018 дар кишвар 890249 адад либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017 237870 адад зиёд мебошад. Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботҳои Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва бо риояи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.