Фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ – ноябри соли 2018

IMG_7114

Дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи саноати сабуки кишвар назаррас буда, тавассути таъсиси корхонаю коргоҳҳои нав, воридоти технологияи муосир ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда соҳаи мазкур сол аз сол рушд ёфта истодааст.

Соҳаи саноати сабук, қисми таркибии соҳаи саноати кишварро ташкил дода, саҳми он дар моҳҳои январ – ноябри соли 2018 дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 11,1 фоизро ташкил медиҳад.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар моҳҳои январ – ноябри соли 2018 ба маблағи 2 млрд. 399 млн. 867,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 153 млн. 963,0 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 % – ро ташкил  медиҳад.

Дар ин давра корхонаҳои ресандагӣ 18602,3 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ – ноябри соли 2017 2884,1 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 118,3 % – ро ташкил дод ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 3311,1 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 528,6 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

IMG_8137

Дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби корхонаю марказҳо 57,8 ҳазор м2 матои адрас истеҳсол гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст.

– ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 19,2 ҳазор м2 матои атлас истеҳсол намудааст, ки 7,6 ҳазор м2 нисбати соли гузашта зиёд;

– истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар давраи ҳисоботӣ 246,2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 37,4 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 117,9 % таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳа 1023131 адад либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати моҳҳои январ – ноябри соли 2017 128416  адад зиёд мебошад.

Корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблағи беш аз 38,8 млн. сомонӣ  (нисбат ба моҳҳои январ – ноябри соли 2017 3,7 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 110,5 %) маҳсулот истеҳсол намудаанд;

– корхонаҳои қолинбофӣ 2786 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол намудаанд, ки 375,6 ҳазор метри мураббаъ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда зиёд аст;

– корхонаҳои ҷуроббофӣ дар маҷмуъ 5 млн. 193,4 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардаанд (нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 1,7 млн. ҷуфт зиёд);

– коркарди пӯсти чорво 436153 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 35176,4 адад зиёд буда, суръати афзоиш 108,8 % – ро дар бар гирифт;

корхонаҳои пойафзолбарорӣ 716 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд.

Фаъолияти расмии навбати дуюми истеҳсолоти ресандагӣ дар ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» санаи 5 ноябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, айни ҳол риштаи пахтагини пневморесандагӣ истеҳсол намуда истодааст. Ҳамчунин дар ин рӯз санги асос барои бунёди коргоҳи бофандагии корхонаи мазкур гузошта шуд ва роҳандозӣ гардидани силсилаҳои пурра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз риштаву матоъҳои пахтагин то маҳсулоти дӯзандагӣ, кешбофӣ ва ҷӯроб зиёд гардида, раванди истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот тақвият хоҳад ёфт.

Барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар ёздаҳ моҳи соли равон ба маблағи 215,0 млн. сомонӣ аз хориҷи кишвар дастгоҳу таҷҳизот ворид карда шудааст.

1414968172_tekstil-stanki

Содироти маҳсулоти тайёри истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ – ноябри 2018 беш аз 534,4 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш назар ба ҳамин давраи соли 2017 107,0 % таъмин гардид.

Санаи 28.06.2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” коргоҳи риштабарорӣ барои истеҳсоли қолин ба фаъолият шурӯъ намуд. Баробари фаъол гардидани коргоҳи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи корхона ба роҳ монда шуд, ки ин дастовардҳои арзанда дониста мешавад. Дар ин коргоҳ асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти нав дар соҳа ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин санаи 05.11.2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали ҶДММ “Фарм Текс” – ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар корхонаи мазкур истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ ба роҳ монда шуд. Маводҳои басту банди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ дар асоси коркарди саноатии нахи пахта истеҳсол гардида, маҳсулоти нави соҳа ба ҳисоб меравад.