Вохӯрӣ бо роҳбарияти корхонаи ҶСК “Ҷунтай Данғара син силу текстил”

IMG_9572

Санаи 13.12.2018 вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” ва намояндагони ширкати “Донгжан Групп” дар доираи шартномаҳои ҳамкории байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ масъалаи сохтмони пурраи коркарди нахи пахта, истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагии корхонаи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки барои дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмони корхонаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти корхонаи ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” ва “Донгжан Групп”-и   Шаосинс  тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, сохтмони навбати дуюми корхона тезонида шавад.

Хотиррасон менамоем, ки санаи 05.11.2018 зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи бофандагӣ санги асос гузошта шуд. Дастур дода шуд, ки  сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ бояд то моҳи сентябри соли 2021  ба истифода дода шавад.46