Маълумот доир ба ҷамъбасти фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмон дар 11 моҳи соли 2018

ovodkov_11_stroy

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди содиротии кишвар кор бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истоданд.

Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

Дар 11 моҳи соли 2018 ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 242,0 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 112,0 %-ро ташкил медиҳад. Шумораи коргоҳу корхонаҳо ба 507 адад, ҷойҳои корӣ 9703 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1300 сомонӣ баробар шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли семент ба 3,5 миллион тонна, масолеҳи деворӣ 195,7 миллион дона, гаҷкартон 2,3 миллион дона, гаҷсанг 85,3 ҳазор тонна, шифер 660,0  ҳазор дона расидааст. Дар умум истеҳсоли намудҳои масолеҳи сохтмонӣ дар шакли аслӣ иҷро гардид.

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Ҷунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 30,5 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 28,6 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 25,8 %, “Сементи Тоҷик” 6,4 % назаррас мебошад.

динамика семент

Дар ин давра 1,3 миллион тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 738,0 ҳазор тонна, Афғонистон 481,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 85,0 ҳазор тонна содир гардидааст. Дар содироти семент ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент” 35,7 %, “Хуаксин Ғаюр семент” 33,0 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27,2 % саҳмгузорӣ намудаанд. Воридоти семент бошад, 38,4 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Истеҳсоли гаҷкартон ҳамчун маҳсулоти ивази воридот ба 2,3 миллион дона баробар шудааст, ки назар ба 11 моҳи соли гузашта 0,9 миллион дона зиёд аст. Аз ин миқдор аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон  347,0 ҳазор дона гаҷкартон ба маблағи 2,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон  295,0 ҳазор дона, Қирғизистон 37,0 ҳазор дона ва Узбекистон 15,5 ҳазор дона содирот карда шудааст.

Ҳамчунин ҶДММ “Силкоат боя”-и шаҳри Хуҷанд 110,0  тонна масолеҳи рангубор ба Ҷумҳурии Қирғизистон фурӯхтааст.

007т

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли маҳсулоти ивази воридот ва ба содирот нигаронидашуда аз қабили гаҷкартон, тол (рубероид), қубурҳои оҳану бетон ва хишти сабук ба роҳ монда шуд.

Соли 2018 корхонаи истеҳсоли рангҳои эмулсионӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” бо иқтидори 15,0 ҳазор тонна, истеҳсоли тол дар ноҳияи Дустӣ бо иқтидори 900,0 ҳазор метри мукааб бо таъсиси 145 ҷойҳои нави корӣ бунёд гардидаст.

123

2222