Маълумоти таҳлилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2018

ovodkov_11_stroy

        Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2018, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-984 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 23 январи соли 2018 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, аз 16 майи соли 2018 №1087 ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

 1017156725

        Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли 2018 21 млрд 528,9 млн.сомонӣ, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, ба 113,5%, афзоиш дар 11 моҳи соли 2018 ба 2 млрд. 951,4 млн.сомонӣ баробар шуд. 

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 11 моҳи соли 2018 (млн.сомонӣ):

1111111

61_9ро

Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 11 моҳи соли 2018:

2

 

         Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ, имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати ба нишондиҳандаи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №348, аз 28 июли соли 2017), дар соли 2018 ба маблағи 21 млрд. 345,7 млн.сомонӣ пешбинӣ гардида буд,  дар 11 моҳи соли 2018 нисбати нақша 100,8% ва ё 183,2 млн.сомонӣ пеш аз муҳлат барзиёд иҷро карда шуд.

           Динамикаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ дар 11 моҳи соли 2018 нисбат ба нақшаи соли 2018 (млн.сомонӣ) (тибқи ҚҲҶТ 348 аз 28 июли соли 2017)

222222222222

        Аз рӯи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард дар 11 моҳи соли 2017  10 млрд 479,1 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар 11 моҳи соли 2018 бошад 12 млрд 185,8 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 1 млрд. 706,7 млн.сомонӣ (113,9%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

          Дар саноати истихроҷ дар 11 моҳи соли 2017 4 млрд. 3,6 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар 11 моҳи соли 2018 бошад 4 млрд 344,9 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 250,2 млн.сомонӣ (119,1%) нисбати ҳамин давраи соли 2017 зиёд мебошад.

 6666666666

 

          Аз рӯи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 11 моҳи соли 2018  21 млрд 528,9 млн сомонӣ ташкил дод, ки аз ин 20 млрд 729,4 млн. сомонии он ба фурӯш бароварда шудааст.

           Аз ҳаҷми маҳсулоти дар 11 моҳи соли 2018 истеҳсолшуда 96,3%-и он ба фурӯш бароварда шудааст.

      Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, дар 11 моҳи соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти содиротшуда дар ҷумҳурӣ зиёда аз 9 млрд 337,1 млн.сомонӣ (991,2 млн.доллари ИМА) ва дар корхонаҳои саноатии соҳавии Вазорат 8 млрд 209,5 млн.сомонӣ (871,5 млн.доллари ИМА) 87,9%-и маҳсулоти содиротшударо соҳаи саноат ташкил медиҳад.

5ш

        Дар корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ба маблағи 3 млрд. 510 млн. сомонӣ, саноати мошинсозӣ 1 млрд. 679,6 млн. сомонӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ 1 млрд. 412,1 млн. сомонӣ, саноати масолеҳи сохтмон 558,7 млн. сомонӣ, саноати сабук ба маблағи 534,2 млн. сомонӣ, саноати хӯрокворӣ 33,4 млн. сомонӣ, саноати ангишт 9,1 млн. сомонӣ ва дигар соҳаҳои саноат 472,4 млн. сомонӣ аз маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар содирот намуданд.

          Дар ин давра афзоиши ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ба монанди консерваи гӯштӣ 4,7 баробар, мех 3,2 баробар, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ 150,1%, шифер 2,9 баробар, гаҷ санг 149,5%, мазут 2,8 баробар, маҳсулоти пластмассагӣ 2,6 баробар, сачоқчаҳои намнок 2,3 баробар, профилҳои пластикӣ 168,7%, асфалт 140,1%, андоваи минералӣ 130,6%, атлас 165,5%, қуми кварсӣ 2,1 баробар, қубурҳои металӣ 131,2%, қоғази ташноб 174,2%, сӯзивории дизелӣ 197,8, хокаи мис 145,6%, либоси мактабӣ (дона) 114,4%, биринҷ 125,8%, қолин ва маҳсулоти қолинӣ 115,6%, тахтасангҳои мармарӣ 136,7%, равғани чорво 176,2%, маҳсулоти дӯзандагӣ 117,9%, ширеши сохтмонӣ 119,6%, семент 124,0%, трансформатор 119,2%, меваи хушк 127,4%, хишт 114,4%, газворҳои пахтагин 119,0%, матоъҳои нобофта 105,7%, нӯшокиҳо 126,6%, риштаи пахтагин 118,3%, маҳсулоти кашбофӣ 107,7%, равғани растанӣ 101,1%, маҳсулоти қаннодӣ 124,1%, мебел 110,5%, намаки ошӣ 121,5%, ангишт 103,7% ва маҳсулотҳои дигар дар маҷмӯъ аз 6 баробар то 100% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда шуд.

           Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст.

          Дар 11 моҳи соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридот ба монанди халта 106,7 млн.дона, риштаи полипропиленӣ 636 тонна,  ротбанд 263,2 тонна, хишти сабук 12,6 ҳ.м3, гаҷкартон 2319,6 ҳазор дона, маҳсулоти нарми бомпуши (тол) 10,0 ҳ.м2, сурмаи металӣ 3623,5 тонна, металли нави №2 99,9 тонна, хокаи нуқра ва мис 177,0 тонна, фториди алюминий 3366,8 тонна, криолит 482,4 тонна, эмулсия 19,7 тонна, каогулянт 1441,6 тонна, бозичаҳои кӯдакона 186,5 ҳазор дона, мошинҳои кишоварзӣ (трактор) 131 адад, ядак (прицеп) 45 адад, автобусҳо 119 адад, фойтунчаҳои кӯдакона 7265 адад, аробачаҳои кӯдакона 12055 адад, пахтаи тиббӣ 100 ҳазор дона, гирдакҳои пахтагин 40 ҳазор дона ва чубчаҳои пахтагини нафис 5,4 ҳазор дона истеҳсол карда шудааст.

pishevka

          Дар 11 моҳи  соли 2018 рушди саноат дар ҳамаи  минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд 108,5%, вилояти Хатлон 111,9%, ВМКБ 108,3%,  шаҳри Душанбе 118,9% ва НТҶ 127,6%-ро ташкил дод.

           Вазорат пайваста дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои судманд меандешад.