СОДИРОТИ ТРАКТОРҲОИ КИШОВАРЗӢ БА ҶУМҲУРИИ УЗБЕКИСТОН

122 (2)

     Санаи 27 декабри соли 2018 аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор аввалин маротиба 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х» ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир гардид, ки ин дастоварди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои тақвияти муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи байни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон замина гузошт.

      Корхонаи мазкур нақша дорад, ки  дар соли 2019 содироти тракторҳои   тамғаҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 82.1», ҳамзамон таҷҳизоту мошинолотҳои гуногуни кишоварзиро ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва трактори тамғаи  «Беларус 512» (бе кабина) ба Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон ва Покистон ба роҳ монад.

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор 29.09.2018

        Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 29 сентябри соли 2018 корхона расман бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди истифода истифодаи пурра қарор дода шуд.

             Дар маҷмуъ бо ба фаъолияти пурра оғоз намудани корхона зиёда аз 60 адад ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда,  мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхона имкон пайдо намуд солона то 1700 адад тракторҳои тамғаҳои гуногунро ҷамъу васл намояд.

            Аз аввали соли ҷорӣ корхона қисмҳои ҷамъу васлшавандаи  106  адад тракторҳои тамғаи гуногунро ворид ва ҷамъу васл намудааст. Аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус 82.1» -84 адад, тамғаи «Беларус 80Х» -10 адад ва  трактори тамғаи «Беларус 512»-12 адад омода карда шуда ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба таври мустақим ва тавассути КВД «Тоҷикагролизинг» ба фурӯш баровардааст.

          Дар ёздаҳ моҳи соли 2018 корхона дар ҳамкорӣ бо   ҶСК «Боборуйскагромаш»-и Ҷумҳурии Беларус, қисмҳои ҷамъуваслшавандаи 63 адад ядакҳоро (прицеп)  ворид намуда, ҷамъу васл ва ба мизоҷон пешкаш намудааст.

gissar_2