Маълумоти таҳлилӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018  

33

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 №АП-984 дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 23 январи соли 2018 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018», қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, аз 16 майи соли 2018 №1087 ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

           Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2018 23 млрд 872,4 млн.сомонӣ, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2017, ба 111,8%, афзоиш дар соли 2018 ба 2 млрд. 953,8 млн.сомонӣ баробар шуд.

ик 1

ик 2

ик 6

Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ, имконият фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати ба нишондиҳандаи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №348, аз 28 июли соли 2017), дар соли 2018 ба маблағи 21 млрд. 345,7 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст, дар соли 2018 нисбати нақша 111,8% ва ё   2 млрд. 526,7 млн.сомонӣ пеш аз муҳлат барзиёд иҷро карда шуд.

Динамикаи истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ дар соли 2018 нисбат ба нақшаи соли 2018 (млн.сомонӣ) (тибқи ҚҲҶТ 348 аз 28 июли соли 2017)

ик 4

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар саноати коркард дар соли 2017  11 млрд 753,9 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар соли 2018 бошад 13 млрд 502,8 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 1 млрд. 748,8 млн.сомонӣ (112,5%) нисбати соли 2017 зиёд мебошад.

Дар саноати истихроҷ дар соли 2017 4 млрд. 523,5 млн.сомониро дар бар мегирифт, дар соли 2018 бошад 4 млрд 685,8 млн.сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки 162,4 млн.сомонӣ (116,3%) нисбати соли 2017 зиёд мебошад.

Ҳиссаи соҳаҳо дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2018:

ик 5

Рушди саноати истихроҷи маъдан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 117,4% ва истихроҷи маводҳои энергетикӣ 109,4% таъмин гардидааст.

Дар соли 2018 аз 14 зерсоҳаи соҳаи саноати коркард суръати рушд дар истеҳсоли селлулозаю қоғаз, фаъолияти табъу нашр 169,9%, истеҳсоли маҳсулоти нафт 133,7%, истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот 162,3%, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ 128,0%, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб 117,8%, истеҳсоли кимиёвӣ 140,4%, истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмассӣ 122,4%, истеҳсоли ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 114,2%, истеҳсоли металлургӣ ва маҳсулоти Аз рӯи маълумоти оморӣ, истеҳсоли маҳсулот дар соли 2018  23 млрд 872,4 млн сомонӣ ташкил дод, ки аз ин 23 млрд 109,7 млн сомонӣ он (96,8%) ба фурӯш бароварда шудааст.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ, дар соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти содиротшуда дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 млрд 110,5 млн.сомонӣ (1073,3 млн.доллари ИМА) ва дар корхонаҳои саноатии соҳавии Вазорат 8 млрд 801 млн.сомонӣ 87%-и маҳсулоти содиротшударо соҳаи саноат ташкил медиҳад.

Дар корхонаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ба маблағи 3 млрд. 990 млн. сомонӣ, саноати мошинсозӣ 1 млрд. 925,0 млн. сомонӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ (нахи пахта) 1 млрд. 557,1 млн. сомонӣ, саноати масолеҳи сохтмон 596,7 млн. сомонӣ, саноати сабук ба маблағи 689,9 млн. сомонӣ, саноати хӯрокворӣ 33,4 млн. сомонӣ, саноати ангишт 8,9 млн. сомонӣ аз маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар содирот намуданд.

Маҳсулотҳои содиротшудаи корхонаҳои соҳавӣ ба монанди; масолеҳи рангубор, маҳсулоти пенопористиролӣ, алюминияи аввалия, арматураи сохтмонӣ, семент, гипсакартон, кунҷакҳои металлӣ, сими металлӣ, хӯлаҳои алюминий, металлҳои қиматбаҳо, орд, биринҷ, равғани растанӣ, қаннодӣ, ангишт, меваи хушк, консерваи меваю сабзавот, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, спирти этилӣ, мошинҳои кишоварзӣ (трактор), мусаласи ангур, намаки ошӣ, ҳасиб, маҳсулоти ширӣ, нахи пахта, риштаи пахтагин, матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, вет-блю, маснуоти қолинӣ, ҷӯробҳо, маснуоти кешбофӣ, ва нахи абрешим (пасандозҳои абрешимӣ) ба  хориҷи кишвар содирот намуданд.

Дар ин давра афзоиши ҳаҷми муҳимтарини маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ба монанди консерваи гӯштӣ 3,7 баробар, мех 2,8 баробар, маҳсулоти ҷӯробу пайпоқ 150,4%, шифер 3,0 баробар, гаҷ санг 2,5 баробар, мазут 2,7 баробар, маҳсулоти пластмассагӣ 2,3 баробар, сачоқчаҳои намнок 2,0 баробар, профилҳои пластикӣ 161,6%, асфалт 142,4%, андоваи минералӣ 135,5%, атлас 154,0%, қуми кварсӣ 151,1%, қубурҳои металӣ 128,8%, қоғази ташноб 176,4%, сӯзишвории дизелӣ 182,5, хокаи мис 141,7%, либоси мактабӣ (дона) 104,4%, биринҷ 130,9%, қолин ва маҳсулоти қолинӣ 112,8%, тахтасангҳои мармарӣ 127,0%, равғани чорво 170%, маҳсулоти дӯзандагӣ 115,6%, ширеши сохтмонӣ 125,9%, семент 123,3%, трансформатор 116,4%, меваи хушк 119,6%, хишт 117,8%, газворҳои пахтагин 102,2%, матоъҳои нобофта 131,4%, нӯшокиҳо 138,6%, риштаи пахтагин 120,6%, маҳсулоти кашбофӣ 105,9%, равғани растанӣ 106,3%, маҳсулоти қаннодӣ 120,7%, мебел 111,1%, намаки ошӣ 156,1%, ангишт 108,4% ва маҳсулотҳои дигар дар маҷмӯъ аз 6,7 баробар то 100% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин карда шуд.

Бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот зиёд шуда, талаботи бозор бо маҳсулоти саноатии  ватанӣ таъмин гардида истодааст.

Дар соли 2018 маҳсулотҳои нави саноатии ивазкунандаи воридот ба монанди халта 117,3 млн.дона, риштаи полипропиленӣ 777,5 тонна,  ротбанд 289,2 тонна, хишти сабук 17,1 ҳ.м3, гаҷкартон 2497,2 ҳазор дона, маҳсулоти нарми бомпуши (тол) 10,0 ҳ.м2, сурмаи металӣ 4014,6 тонна, металли нави №2 99,9 тонна, хокаи нуқра ва мис 297,8 тонна, фториди алюминий 3408,0 тонна, криолит 482,4 тонна, эмулсия 21,7 тонна, каогулянт 1441,6 тонна, бозичаҳои кӯдакона 210,6 ҳазор дона, мошинҳои кишоварзӣ (трактор) 145 адад, ядак (прицеп) 45 адад, автобусҳо 152 адад, фойтунчаҳои кӯдакона 14787 адад, аробачаҳои кӯдакона 24682 адад, пахтаи тиббӣ 112 ҳазор дона, гирдакҳои пахтагин 50 ҳазор дона ва чубчаҳои пахтагини нафис 15,4 ҳазор дона истеҳсол карда шудааст.

Дар соли 2018 барои истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 757,7 млн. сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ  равона гардиданд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 131 адад корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 1753 ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Вазорат дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои судманд меандешад.