Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва пилла дар соли 2018

ac424e5b22a3553ada08b248b7788d41

Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 беҳтар ба назар расида, ҳиссаи саноати сабук дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар 11,3 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳа бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар ин давра беш аз 2 млрд. 700 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2017 153 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106 % – ро дар бар гирифт.

Дар соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои соҳа 20739,6 тонна риштаи пахтагин (назар ба соли 2017 3539,2 тонна зиёд), 7512,3 ҳазор метри мураббаъ матои пахтагин (нисбат ба соли 2017 162,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд), беш аз 5,7 млн. ҷуфт ҷӯробҳои гуногун (назар ба соли 2017 1,9 млн. ҷуфт зиёд), ба маблағи 267,2 млн. сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ (дар қиёс ба соли 2017 36,1 млн. сомонӣ зиёд), 1128481 адад либоси мактабӣ (назар ба соли 2017 47313 адад зиёд), 3056 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ (назар ба соли 2017 346,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 798,2 ҳазор ҷуфт пойафзоли гуногун (дар қиёс ба соли 2017 29,8 ҳазор ҷуфт зиёд), ба маблағи беш аз 42,9 млн. сомонӣ маҳсулоти мебелӣ (нисбат ба соли 2017 суръати афзоиш 111,1 %), 75,3 ҳазор метри мураббаъ матои адрас (нисбат ба соли 2017 18,8 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 19,4 ҳазор метри мураббаъ газвори абрешимӣ (дар қиёс ба соли 2017 6,8 ҳазор мерти мураббаъ зиёд), 117334,8 ҳазор дона халта (нисбати соли 2017 63843,6 ҳазор адад зиёд) истеҳсол гардидааст. Коркарди пӯсти чорво 458,2 ҳазор ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 24,4 ҳазор адад зиёд буда, суръати афзоиш 105,6 % – ро дар бар гирифт.

b2f2a5bca2ec0c83dde9331d39baf5b2

Барои васеъгардонии истеҳсолот, таъсиси коргоҳи нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи хом аз ҷониби корхонаҳои соҳа дар соли 2018 ба маблағи 215 млн. сомонӣ дастгоҳу таҷҳизот аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи коркарди нахи пахта имтиёзҳои    андозию гумрукӣ фароҳам оварда шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, истеҳсоли риштаи пахтагин дар солҳои охир тамоюли болоравӣ дошта, агар дар соли 2014 истеҳсоли он 8,7 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 20,7 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2014 2,4 маротиба зиёд мебошад.

Соҳаи коркарди нахи пахтаи кишвар аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ҷолибияти хоса пайдо намудааст. Ба фаъолият шуруъ намудани Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», ки ба шарикони хитоӣ амалӣ шуда истодааст, қадами устувор дар рушди соҳаи коркард ба ҳисоб меравад. Санаи 5 ноябри соли 2018 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми истеҳсолоти ресандагии корхонаи мазкур иштирок намуданд. Дар маҷмуъ иқтидори солонаи сикли ресандагии ҷамъият коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахтаро ташкил дода, дар он барои 530 нафар коргарон ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди соҳа ва афзун намудани теъдоди коркарди ашёи хоми чорво андешида шуда, соли 2018 фаъолияти ҶДММ «Матин Чарм» дар шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Ҳасан саноат» дар шаҳри Ваҳдат оғоз гардида, дар корхонаҳои мазкур дар маҷмуъ барои 60 нафар шаҳрвандон ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Айни замон, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 мавриди амал қарор дорад. Дар мавсими соли 2018 истеҳсоли пилла 737,7 тоннаро ташкил дод, ки ба вилояти Хатлон 262 тонна, вилояти Суғд 366,8 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 108,9 тонна рост меояд.

Бо мақсади ба роҳ мондани коркарди пилла то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ соли 2018 аз ҷониби ҶДММ «Дук» истеҳсоли пати абрешим (холст) роҳандозӣ гардида, барои 40 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё шуд.

images

Мавриди қайд аст, ки санаи 26 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «Арча – мебел» – ро дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ифтитоҳ карданд. Истеҳсолот дар ин корхона дар ду бахш ба роҳ монда шуда, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачӯбҳо мебел барои биноҳои маъмурӣ, маишӣ, тандурустӣ, томактабӣ, мактабӣ, олӣ ва ҷиҳози хона истеҳсол карда мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла маҳсулоти санитарию беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ аз нахи пахта, ришта ва халтаи полипропиленӣ дар корхонаҳои соҳа ба роҳ монда шуд.

Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Вобаста ба таҳлили раванди рушди ҳунарҳои мардумӣ вазорат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳамкориҳоро тақвият дода истодааст. Аз таҳлилҳо муайян гардид, ки тайи солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои кишвар раванди омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бомаром рушд ёфта, ҷиҳати таҳкими фаъолият дар самти ҳарчи бештар ба тайёрии касбӣ ҷалб намудани занону духтарони хонанишин чораҳо андешида шудаанд.

1414968172_tekstil-stanki