Натиҷаҳои фаъолияти Раёсати технологияҳои нав дар  соли 2018.

21

 Дар доираи фаъолияти Раёсати технологияҳои нав дар соли 2018 барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 757,69  миллион сомонӣ маблағ сармоягузорӣ карда шудааст.

Аз ҷумла:

– дар соҳаи саноати сабук ва пилла 15 корхона бо маблағи 215,09 млн. сомонӣ;

– дар соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия 1 корхона бо маблағи 98,9 млн. сомонӣ;

-дар соҳаи саноати масолеҳи сохтмон 11 корхона бо маблағи 126,8 млн. сомонӣ;

-дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 8 корхона бо маблағи 79,85 млн. сомонӣ;

– дар соҳаи саноати ангишт 4 корхона бо маблағи 44,2 млн. сомонӣ;

– дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 4 корхона бо маблағи 192,85 млн. сомонӣ техника ва технологияҳои нав ворид гардидааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ 131 корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси  1792 ҷойҳои нави корӣ  сохта ба истифода дода шудаанд.

Аз ҷумла:

Вилояти Суғд-43 корхона ва коргоҳ бо 690 ҷойи нави корӣ;

Вилояти Хатлон – 36 корхона ва коргоҳ бо 573 ҷойи корӣ;

Вилояти МБК – 4 коргоҳ бо 91 ҷойҳои нави корӣ;

НТҶ – 26 корхона ва коргоҳ бо 280 ҷойҳои нави корӣ;

Шаҳри Душанбе – 22 корхона ва коргоҳ бо 158 ҷойҳои корӣ;

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ аз 2097 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда (якҷоя бо корхонаҳои хурд) ба қайд гирифта шуд.