Баргузории Фестивали ҷумҳуриявии заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…”

viber image 2019-02-09 , 15.19.281141

viber image 2019-02-09 , 15.19.26    Санаи 9-уми феврали соли 2019 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омуз…”-ро дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар Фестивал маҳсули дасти беҳтарин заргарони моҳир аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба марази тамошо гузошта шуд.

     Кори баргузории чорабиниро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии viber image 2019-02-09 , 15.19.272Тоҷикистон – Файзуллозода Заробиддин Қудрат ҳусни оғоз бахшида,  дар аввал аз номи саноатчиёни кишвар тамоми меҳмонон ва иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки мақсад аз баргузории чорабинии мазкур – ин арзгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни гузаштагон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани шавқ ва ҳавсамандкунии ҳунармандони ба касби заргарӣ, муаррифии молу маҳсулоти заргарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, ва ба содирот равона сохтани маҳсули дасти косибони чеҳрадасти ҷумҳурӣ бо шиори “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ва бо ин васила баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар мебошад, ки бо чунин шаҳомати хоса таҷлил намудани Фестивали мазкур дар соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ба мақсад мувофиқ мебошад.

     viber image 2019-02-09 , 15.20.05444Аъзои тадорукот ба натиҷаи баланди сатҳи ташкил ва  баргузории Фестивал, ҳамзамон  ба ҳунари волову маҳсули дасти ҳунармандони гушаю канори ҷумҳурӣ баҳои баланд дода, дар охир ғолибонро бо тӯҳфаву ҷоизаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

     Тибқи низомномаи тасдиқгардида, дар Фестивали заргарӣ таҳти унвони “Ҳунар омӯз…” ғолибон дар 3 номинатсия муайян гардиданд:

             Ҷои 1-ум ба ҳунармандони шаҳри Роғун, ҷои 2-юм ҳунармандони КВД “ Зари Кӯлоб” ва ҷойи сеюм ба ду нафар: ҳунарманди коргоҳи заргарии ҶДММ “Майрамбибӣ” ва ҳунарманди мардумии  шаҳри Ҳисор  – Фирдавс Назаров  дода шуд.