Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳи январи соли 2019

006

Соҳаи саноати сабук, қисми таркибии соҳаи саноати кишварро ташкил дода, саҳми он дар моҳи январи соли 2019 дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 9 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳи январи соли 2019 ба маблағи 89,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 30,8 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 152,0 % – ро ташкил  медиҳад.

Дар ин давра истеҳсоли нахи пахта бо назардошти кам гардидани ҳаҷми истеҳсоли ашёи хом – пахта дар корхонаҳои пахтатозакунӣ 5286,4 тоннаро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 4599,1 тонна кам мебошад;

Корхонаҳои ресандагӣ 1548,3 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба моҳи январи соли 2018 111,6 тонна зиёд ва дар коргоҳҳои бофандагӣ 775,9 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ин давраи соли 2018 35,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби корхонаю марказҳо 9,1 ҳазор м2 матои адрас истеҳсол гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018 5,9 ҳазор метри мураббаъ зиёд аст.       ҶДММ «Атласи Хуҷанд» 2,1 ҳазор м2 матои атлас истеҳсол намудааст, ки 1,2 ҳазор м2 нисбати ин давраи соли 2018 зиёд;

Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар моҳи январи соли 2019 19,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ин давраи соли 2018 1,0 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 105,4 % таъмин гардидааст. Ҳамзамон, аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои соҳа 30085 адад либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбати моҳи январи соли 2018 18081 адад зиёд мебошад.

Озмоишгоҳ Дар ин давра:

 – корхонаҳои мебелбарорӣ ба маблағи беш аз 3,3 млн. сомонӣ  (нисбат ба моҳи январи соли 2018 101,1 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 103,1 %) маҳсулот истеҳсол намудаанд;

– корхонаҳои қолинбофӣ 315,6 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ истеҳсол намудаанд, ки 34,6 ҳазор метри мураббаъ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд аст;

– корхонаҳои ҷуроббофӣ (ҶДММ «Ваҳдат», ҶСК «Нафиса», ҶММ «Раззоқов Рустам» ва Фабрикаи ҷуроббофии «Наврӯз») дар маҷмуъ 552,8 ҳазор ҷуфт ҷуроб истеҳсол кардаанд (нисбат ба ин давраи соли 2018 85,6 ҳазор ҷуфт зиёд);

корхонаҳои пойафзолбарорӣ 58,1 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намудаанд, ки суръати афзоиш нисбат ба ин давраи соли 2018 100,8 % – ро ташкил дод;

– коркарди пӯсти чорво 37592 ададро ташкил дод, ки нисбат ба ин давраи соли 2018 10287 адад зиёд буда, суръати афзоиш 137,7% – ро дар бар гирифт.

Дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулотҳои дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, кимоно, варзишӣ, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ)  ҷӯробҳо, қолинҳо, мебел, пахтаҳои тиббӣ ва халта муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

images Дар ин давра номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла уребча (7195 баста) гирдакҳои пахтагин (5 ҳазор адад), пахтаи тиббӣ (90 ҳазор адад), риштаи полипропиленӣ (230,7 тонна) ва матои абрешими надофӣ (420 метр) дар корхонаҳои соҳа истеҳсол шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Содироти маҳсулоти тайёри соҳа, аз қабили ришта ва матои пахтагин, риштаи рангкардашуда, ҷуроб, қолин, маҳсулоти дӯзандагӣ ва пӯсти коркардшуда ба хориҷи кишвар беш аз 35,8 млн сомониро ташкил дод.