Мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони ширкати “Хуаксин семент”.

саноаттттттттттттттт

 Нимаи дуюми рӯзи 12.03.2019 дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав  бо намояндагони ширкати “Хуаксин семент” Сюй Ган – ноиби Президенти ширкати “Хуаксин семент”, Чжоу Чжиюан – директории генералии ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент”, Лю Хуанчао – директори генералии ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” ва Лю Минвен – муовини директории генералии ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” баргузор гардид.

Зимни мулоқот, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар  соҳаи саноати масолеҳи сохтмон мавриди баррасӣ қарор дода, қайд гардид, ки вобаста ба ҳадафи 4-уми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар,  роҳбарияти корхонаро мебояд, ки барои ҳарчӣ бештар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хом чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар вохӯрӣ  аз ҷониби Вазорат доир ба сармоягузорӣ ба дигар соҳаҳои саноат таклифҳо пешниҳод гардида, барои ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли семент ва содироти он ба хориҷи кишвар тавсеаҳо дода шуд.

Қайд гардид, ки пас аз гузаронидани таъмирҳои капиталлӣ дар корхонаҳои сементбарории вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвон фаъолияти мунтазами корхонаҳо ба роҳ монда, истеҳсоли шабонарӯзии семент аз 2800 ба 3100 тонна зиёд гардид.

 Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба  дар бахшҳои зикргардида ба манфиатҳои ҷонибҳо хоҳанд буд.