Дурнамои нақшаи истихроҷи ангишт дар семоҳаи якум, пеш аз муҳлат иҷро карда шуд.

11

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт бо маводи ниёзи аввал, аз ҷумла, ангишт  дар вохӯриҳо зарурат ва моҳияти супориши мазкурро фаҳмонида, бо роҳбарони корхонаҳои зертобеи худ ва соҳибкорони ватанӣ, дастурҳои мушаххас дода истодааст.

Дар натиҷа бо кӯшишу заҳмати роҳбарони корхонаҳои соҳаи саноати истихроҷи ангишт бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Иди Наврӯз нишондодҳои нақшаи семоҳаи аввалро санаи  12-ми марти соли равон барзиёд таъмин намуданд.

Истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба  190 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида  63 ҳазор тонна зиёд  мебошад.

Дар анборҳои корхонаҳои соҳа бо дар назардошти бақияи соли сипаригардида  400 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад.  Айни замон, истихроҷи шабонарӯзии ангишт ба 4000-5000 тонна расонида шуда аст, ки муштариён метавонанд, аз ин анборҳо харидории  ангиштро ба роҳ монанд.

1111111