Оид ба фаъолияти ҶСП «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор, корхонаи навтаъсиси истеҳсоли тракторҳо ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва иқдоми минбаъдаи он        

gissar_2

Тибқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус дар соли 2016 дар шаҳри Ҳисор сохтмони коррхонаи муштараки тоҷикию-белорусӣ барои ҷамъу васли тракторҳо ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ, инчунин истеҳсоли баъзе қисмҳои онҳо оғоз карда шуд.

Бо мақсади дастгирии корхона ва саривақт мавриди истифода қарор додани иншоотҳои истеҳсолӣ, пас аз оғози корҳои сохтмонӣ корхонаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи объектҳои махсусан муҳим»,  ба рӯйхати корхонаҳои барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим шомил шуда, дар давраи сохтмони биною иншоотҳои истеҳсолӣ аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикитон бархурдор гардид.

Марҳилаи якуми корхонаи муштараки ҷамъу васли тракторҳо ва мошинолотҳо дар моҳи майи соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александ Лукашенко мавриди истифода қарор дода шуд.

Пас аз ба истифода додани қисмати аввали корхона дар моҳи июни соли гузашта, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони бинои хати дуюми истеҳсолӣ оғоз карда шуд. Як моҳ қабл аз оғози корҳои сохтмони барои ба охир расонидани сохтмони хати дуюм аз Ҷумҳурии Беларус чор нафар мутахассон, муҳандисони инженер-техникии заводи тракторбарории шаҳри Минск (МТЗ) ба шаҳри Ҳисор даъват гардиданд.

1

Ҳангоми сохтмони қисмати дуюми корхона дар он аксаран конструксияҳои металлӣ ва деворҳои панелӣ истифода гардиданд, ки истифодаи онҳо корҳои сохтмониро тезониданд ва сохтмони иншоотҳо дар муҳлати се моҳ пурра ба анҷом расонида шуд.

Дар охири моҳи сентябри соли 2018 бо иштироки президентҳои ду кишвар хати дуюми корхона мавриди истифода қарор дода шуд.

Айни замон комплекси истеҳсолии корхонаи мазкур, асосан аз коргоҳи хурди ҷамъувасли тракторҳо (1,1 ҳазор м2), анбори маҳсулоти тайёр, майдони кушоди намоиши техникаҳои кишоварзӣ, бинои пӯшидаи намоиши техника, бинои идораи корхона ва марказӣ таълимии мутахассисон, инчунин майдонҷаи борфарорӣ ва боркунии техника иборат мебошад.

Дар маҷмуъ бо ба фаъолияти пурра оғоз намудани корхона зиёда аз 60 адад ҷойҳои кории нав таъсис дода шуда,  мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхона имкон пайдо намуд солона то 1700 адад тракторҳои тамғаҳои гуногунро ҷамъу васл намояд.

Дар давоми соли 2018 корхона қисмҳои ҷамъу васлшавандаи  106  адад тракторҳои тамғаи гуногунро ворид ва ҷамъу васл намудааст. Аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус 82.1» -84 адад, тамғаи «Беларус 80Х» -10 адад ва  трактори тамғаи«Беларус 512»-12 адад омода карда шуда ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба таври мустақим ва тавассути КВД «Тоҷикагролизинг» ба фурӯш бароварда шуданд.

Соли сипаришуда корхона дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Боборуйскагромаш»-и Ҷумҳурии Беларус, қисмҳои ҷамъуваслшавандаи 63 адад ядакҳоро (прицеп)  ворид намуда, ҷамъу васл ва ба мизоҷон пешкаш намудааст.

Корхона дар асоси шартнома аз ширкати «Клевер»-и вилояти Ростови лаби Дон-и Федератсияи Россия қисмҳои ҷамъуваслшавандаи 28  адад пресскунак (пресподборщик)-ро ворид ва ҷамъу васл намуда, ба хоҷагиҳо фурӯхтааст. Инчунин  аз ҶС «Ростселмаш»-и Федератсияи Россия 8 адад ва аз корхонаи «Гомелмаш»-и Ҷумҳурии Беларус 2 адад комбайнҳои ғалладаравро ворид ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ интиқол додааст.

Дар робита бо корхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон корхона   соли гузашта  қисмҳои 72 адад сипори (плуг) сетанаро таҳвил дода, ҷамъу васл ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба фурӯш баровардааст.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ корхона дар ин давра 7 адад заҳрпошак ва 2 адад обпошакро ворид ва ҷамъу васл карда ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.

 Дар ин асно, санаи моҳи декабри соли 2018 аз тарафи ҶСП «Агротехсервис» аввалин маротиба 8 адад тракторҳо ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи автомобилҳои боркаш интиқол дода шуд, ки аз ин шумора 4 адади он тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва 4 адади дигар, трактори сечархаи тамғаи «Беларус 80Х» мебошанд.

122

 Айни замон барои содирот намудани 12 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 512»-ро ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бо ширкати PAK FOODS шартномаи тарафайни хариду фуруш ба имзо расонида барои содирот омода намуда истодааст.

Ҳамзамон ширкат дар соли 2019 дар базаи истеҳсолии худ ба нақша гирифтааст, ки ҷамъу васли тракторҳои тамғаи «Беларус 892.1», «Беларус 892.2»-ро ба роҳ монда таъмини хоҷагиҳои деҳқонии кишваро бо бо техникаҳои муосир таъмин намояд.

Бояд қайд намуд, ки дар моҳи январи соли 2019 аз тарафи мутахассисон ва кормандони ширкат 6 адад трактори тамғаи «Беларус 82.1», 9 адад тойбанд  ва 2 адад экскаватори тамғаи ЭО -2621 ҷамъу васл карда шудааст.

Корхона бо заводи агрегати шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкорӣ намуда, аз заводи мазкур як қисми таҷҳизотҳои коркарди пахта Култтиватор КХУ-4 ва пахташинонак (сеялка)-ро ворид намуда, дар соли ҷорӣ истеҳсоли онҳоро низ ба нақша гирифтааст.

Дар корхона барои омода намудани мутахассисони маҳҳаллӣ аҳамияти хоса дода мешавад ва бо ин мақсад дар корхона маркази омӯзишии барои омӯзонидани шаҳрвандон оид ба истифодабарии техника ва таъмири техника ва мошинолотҳои истеҳсоли Белорусия ташкил карда шудааст, ки дар он мутахассисону муҳандисони  соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Беларус дарсҳои омӯзишӣ мегузаронанд. Дар қатори ин якчанд мутахассисони  таҳҷоӣ барои омӯзиш ба курсҳои кутоҳмуддат ба Ҷумҳурии Беларус ба заводи МТЗ фиристода шуданд.

Яке аз масъалаҳое, ки дар оянда ба рушди ҶСП «Агротехсервис» ва таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ такони ҷиддӣ мебахшад, ин  масъалаи озод намудан  аз андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ҳангоми фурӯши маҳсулоти тайёри истеҳсоли ҶСП «Агротехсервис» мебошад.

Бо назардошти вазъи молиявии корхона, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарори санади дахлдор оид ба озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми фурӯши маҳсулоти тайёри корхона таҳия ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ҳоло он дар баррасӣ қарор дорад.

42763948_2173100429426798_2495057613050347520_o