ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

navruzzz21

 

Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фарорасии Наврӯзи аҷам, мавсими зебоии табиат ва баҳори пурнакҳатро ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз самимона муборакбод мегӯяд.

Боиси қаноатмандист, сарзамине, ки мардумаш чандин асрҳо қабл ба ҷаҳониён Наврӯзро тақдим намудааст, дар ҳазорсолаи сеюм  бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳонисозӣ ва мақоми  байналмилалӣ комёб гардид.

Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.     

Ин ҷашни фаррухпай дар ҳама давру замон дар байни мардуми ориёинажод, аз ҷумла барои тоҷикон бузургтарин ҷашни миллӣ ба ҳисоб рафта, аз гузаштаҳои дур то имрӯз боқӣ ва эътибору манзалати худро  нигоҳ доштааст.

Итминон дорем, ки бо шарофати баҳору Наврӯзи фархундапай, ки дар дилу дидаи ҳар фард меҳру муҳаббат ва илҳому нерӯи тозаи созандагиро эҳдо менамояд, мардуми шарифи Тоҷикистон барои ободониву бунёдкорӣ, шукуфоии Ватани азизамон ва сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиши ҷиддӣ менамоянд.

Бори дигар ба ҳамаи Шумоён фарорасии Наврӯзи фархундапайро самимона шодбош гуфта,  ба ҳар яки шумо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайзро таманно менамоем.