ВОХӮРИИ СУДМАНД: ИҶРОИШИ МУҚАРРАРОТИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

tanzim

Санаи 2 –юми апрели соли 2019 дар чорчӯбаи нақша–чорабиниҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷроиши муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрии намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорону донишҷӯёни донишкада доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раҳимхоҷазода Раҷабалӣ – мудири бахши ҳуқуқ ва Давлатов Раҳмоналӣ – сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои илмию таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборов Б.Б. вохӯрии мазкурро ифтитоҳ намуда, доир ба зарурати баргузории чорабиниҳои марбут ба танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маълумот дод.

Иброз дошта шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи қонуни мазкур, дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша – чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки раванди иҷроиши бандҳои мухталифи он зери назорати ҷиддии раёсати донишкада қарор дорад.

Сипас, Раҳимхоҷазода Раҷабалӣ – мудири бахши ҳуқуқи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба натиҷаҳои бадастомада дар муддати беш аз 10 соли амалкунии қонуни мазкур ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум изҳори назар намуд. Зимни баромади хеш Раҳимхоҷазода Раҷабалӣ бандҳои мухталифи қонуни мазкурро шарҳу возеҳ намуда, бо мисолҳои мушаххас бо дастёбӣ ба натиҷаҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар андешаҳои ҷолиби диққатро манзури ҳозирин гардонид.

tanzim (1)

Дар идомаи вохурӣ  Давлатов Раҳмоналӣ – сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои илмию таълимии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба зарурати қабули қонунҳои марбут ба баланд гардидани шароити зиндагии шаҳрвандони кишвар андешаҳои худро иброз намуд.

Дар фарҷоми вохурӣ омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ба саволҳои хеш посухҳои қаноатмандкунанда гирифта, аз ташкили чунин вохӯриҳои муфид ва самаранок ба роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.