Доир ба натиҷаи фаъолияти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ дар семоҳаи якуми соли 2019

517349_1

Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ эълон кардани саноатикунонии босуръати кишвар корбарӣ намуда истодаанд.

Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият карда, иншоотҳои сохтмониро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

Семоҳаи якуми соли 2019 ба маблағи 498,0 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли семент ба 842,8 ҳазор тонна, масолеҳи деворӣ 15,3 миллион дона, газоблок 7,1 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 254,3 ҳазор метри мукааб, гаҷкартон 229,6 ҳазор дона ва шифер 127,0 ҳазор дона баробар шудааст.

Сохтмон 123567879

Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 33,5 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,3 %, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23,3 %, “Сементи Тоҷик” 6,4 % назаррас мебошад.

Сохтмон223445663567879

Дар ин давра 302,5 ҳазор тонна семент, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Узбекистон 150,4 ҳазор тонна, Афғонистон 140,5 ҳазор тонна ва Қирғизистон 11,6 ҳазор тонна содир гардидааст.

Истеҳсоли гаҷкартон ҳамчун маҳсулоти ивази воридот ба 229,6 ҳазор дона баробар шудаа, аз ин миқдор аз ҷониби ширкати “Ху Чан индустриал”-и ноҳияи Ёвон  97,6 ҳазор дона ба маблағи 610,1 ҳазор сомонӣ ба ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон  ва Узбекистон содирот карда шудааст.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 13,2 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 11,4 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 1,8 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки 13,1 миллион долларро ташкил медиҳад.