Ҷаласаи ҳайъати мушовараи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон. шаҳри Душанбе. 13.04.2019

DSCКОЛЕГИЯ

Санаи 13 – уми апрели соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи васеи Ҳайати  мушовара баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Исоҷон Ятим – Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорату идораҳо, сардорони раёсатҳои соҳавӣ, кормандони дастгоҳи марказии вазорат,роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи Ҳайати мушовара маърӯза дар бораи «Натиҷаҳои фаъолияти корхонаю муассисаҳои  соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар семоҳаи якуми  соли 2019 ва  вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи якум», « Вобаста ба пешниҳодоти Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаву муассисаҳои зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи солҳои 2016-2018 ва барқарор намудани камбудиву норасогиҳои ошкоршуда аз ҷониби корхонаву муассисаҳо то имрӯз» ва «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020»  шунида, қайд карда шуд, ки корхонаю муассисаҳои саноатӣ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон,  қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои рушди соҳаҳои алоҳидаи  саноат, ба натиҷаҳои мусбӣ муваффақ шуданд.

Ҷаласаро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзуллозода Заробиддин Қудрат оғоз намуда, қайд карданд, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан андешиндани тадбирҳо, вобаста ба ҳадафи 4-уми миллӣ қарор гирифтани саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Вобаста ба рушди соҳаи саноат, хусусан расидан ба ин ҳадафи муҳими стратегӣ, барои ҷоннок намудани фаъолияти истеҳсолӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ ворид намудани хатои нави технологӣ ва ба ин васила зиёд намудани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар кори ҷаласа аз ҷониби роҳбарони корхонаю муассисаҳо доир ба мушкиливу камбудиҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо шунида, аз ҷониби Вазири саноат ватехнологияҳои нав доир ба фаъолияти назарраси минбаъда, иҷроиши нақшаҳои истеҳсолӣ дар соли 2019, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани иқтидорҳои содиротии кишвар тавсеа ва супоришҳои мушаххас дода шуд.