Нишондиҳандаҳои фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-марти соли 2019

Ғарами ришта

Санаи 15 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии ҶДММ “Бисот” иштирок намуданд. Корхонаи мазкур асосан ба истеҳсоли мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона, маҷмуи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул мебошад. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид карда шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

МЕБЕЛҲОИ ИСТЕҲСОЛИ КОРХОНАИ ҶДММ “БИСОТ”

Саҳми саноати сабук дар моҳҳои январ-марти соли 2019 дар маҷмӯи маҳсулоти саноати кишвар дар якҷоягӣ бо корхонаҳои пахтатозакунӣ 7,1 фоизро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ба маблағи 275,5 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 32,7 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 13,5 фоиз таъмин шуд.

ac424e5b22a3553ada08b248b7788d41

Дар моҳҳои январ-марти соли равон корхонаҳои ресандагӣ 5161,5 тонна риштаи пахтагин (нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 1297 тонна зиёд), 1332,2 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин (нисбат ба ин давраи соли гузашта 53,9 ҳазор метри мураббаъ зиёд), аз ҳисоби корхонаю марказҳо 44,5 ҳазор метри мураббаъ матои адрас (назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 2,3 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 6,1 ҳазор метри мураббаъ  матои атлас (3,3 ҳазор метри мураббаъ нисбати ин давраи соли 2018 зиёд), 61,6 млн. сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 68805 дона либоси мактабӣ (дар қиёс ба моҳҳои январ-марти соли 2018 41518 дона зиёд), ба маблағи 11 млн. сомонӣ мебел (нисбат ба ин давраи соли 2018 2,3 млн сомонӣ зиёд), 1046 ҳазор метри мураббаъ маснуоти қолинӣ (назар ба ҳамин давраи соли 2018 281,4 ҳазор метри мураббаъ зиёд), 1692,3 ҳазор ҷуфт ҷуроб (нисбат ба ин давраи соли 2018 121,3 ҳазор ҷуфт зиёд) ва 146,1 ҳазор ҷуфт пойафзол (дар қиёс ба ин давраи соли 2018 32,6 ҳазор ҷуфт) истеҳсол намудаанд.

Дар ин давра номгӯи нави маҳсулот, ки ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд, аз ҷумла уребча, гирдакҳои пахтагин, чубчаҳои нафис, пахтаи тиббӣ, риштаи полипропиленӣ ва матои абрешими надофӣ дар корхонаҳои соҳа истеҳсол шуда, дар ҳисоботи оморӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Содироти маҳсулоти тайёри соҳа, аз қабили нахи пахта, пасандози он, пӯсти коркардшуда, ришта ва матои пахтагин, қолин, ҷӯроб ва маҳсулоти дӯзандагӣ ба хориҷи кишвар беш аз 44,4 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар корхонаҳои соҳа истеҳсоли маҳсулоти зерини ивазкунандаи воридот, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ (либосҳои низомӣ, кории махсус, мактабӣ, варзишӣ, кимоно, барои ҳоҷиён, рахти хоб, ҷиҳози нарм, парчам, чарчинворӣ, барои кӯдакони навзод ва маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи мардумӣ) ҷӯроб, қолин, мебел, пахтаҳои тиббӣ ва халта муайян гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.