Ҷашни ғалаба муборак!

2131

Ҳамватонони муҳтарам!
Муҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Фардо, яъне 9 – май ба санаи таърихӣ – ғалаба бар фашизм 74 сол пур мешавад. Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳу сулҳпарвар, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад.

Ба ин муносибат кулли мардуми шарафманд тоҷик ва ҳамаи иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнатро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоем.

Боиси тазаккур аст, ки ҷанги даҳшатноки солҳои 1941-45 таъсири худро ба ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гузошт.

Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмардон ба ҷабҳаи набардҳои хунин рафтанд ва дар ин роҳ корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Қисми зиёди фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҳалок шуданд, ки номи неку корномаии онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Ҳарчанд ки майдони  ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳамаи гӯшаву канори он ва ҳар як хонавода мушоҳида ва эҳсос мегардид. Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба ва дар ақибгоҳ хеле назаррас буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву саҳми шабонарӯзии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз чунин ғалабаи бузург таъмин намегардид.

Бо вуҷуди душвориҳои зиёд халқи тоҷик дар фурсати кӯтоҳтарин дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодии ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти замони ҷанг равона намуд.

Қувваи асосии корӣ дар ақибгоҳ, асосан занону наврасон ва пиронсолон  буданд.

Онҳо, сарфи назар аз маҳрумиятҳои замони ҷанг, супоришҳои давлатиро барзиёд иҷро мекарданд.

Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ҳамаи кӯшишу талоши худро ба хотири ғалаба ва ояндаи нек сафарбар мекарданд.

Мехоҳем хотирнишон созем, ки корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Итминони комил дорем, ки шумо, собиқадорони муҳтарам бо истифода аз таҷрибаи бойи зиндагӣ, панду насиҳат ва маслиҳатҳои  судманди худ наслҳои имрӯзаро роҳбаладӣ намуда,  барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, густариши ифтихори милливу худшиносии онҳо ва бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат минбаъд низ саҳми арзишманд  мегузоред.

Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба Конститутсия, савганди ҳарбӣ ва миллату Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.

Сабақҳои ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-45, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳо 90–уми асри гузашта, ҷангу низоъҳо дар Шарқи Наздик ва минтақаҳои дигари олам ҳушдор медиҳанд, ки ҳар яки мо арзишҳои миллӣ, истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем.

Бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи ғалаба табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо рӯзгори обод, сулҳу осоиш ва файзу баракат орзумандам.